ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд

Ноябрь 15, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент–Саразм ва Осорхонаи 5500-солагии Саразм» таҳти унвони «Саҳми экспедитсияи бостоншиносии Суғди қадиму Тоҷикистон дар омӯзиши Панҷакенти қадим» конференсияи илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Конференсияи илмӣ ба 80-солагии оғози ковишҳои бостоншиносӣ дар Панҷакенти қадим бахшида шуда, дар он натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, саҳми олимон дар омӯзиши тамаддуни суғдӣ ва масъалаҳои ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода иброз намуд, ки баргузории конференсия барои таҳлилу баррасии дастовардҳои бостоншиносӣ, табодули таҷрибаи илмӣ ва тақвияти корҳои таҳқиқотию тарғиботӣ дар самти ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад. Омӯзиши ин ёдгории таърихӣ барои шинохти таърихи давлатдорӣ, фарҳанг, ҳунар ва ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ниёгони тоҷикон аҳамияти бузург дорад.

Панҷакенти қадим аз ҷумлаи ёдгориҳои муҳимми таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, бо бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ, деворнигораҳои арзишманд ва осори меъмории худ дар омӯзиши таърихи суғдиён мавқеи хос дорад. Ин шаҳри бостонӣ на танҳо аз сатҳи баланди шаҳрсозӣ ва ҳунармандии ниёгон шаҳодат медиҳад, балки барои шинохти ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии сокинони минтақа дар асрҳои миёна сарчашмаи муҳимми илмӣ мебошад.

Панҷакенти қадим ба асрҳои V–VIII тааллуқ дошта, аз чор қисми асосӣ — шаҳристон, қалъаи шоҳ, работ ва некропол иборат буд.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 15, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад