«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Ноябрь 14, 2026 08:34

ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар мавзуи «Президент – кафили давлати ҳуқуқбунёду демократӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.

Иброз гардид, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муаррифии аҳамияти сохти идоракунии президентӣ, арҷгузорӣ ба мақоми олии давлатӣ ва қадршиносии хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди давлатдорӣ ва баланд бардоштани нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ равона шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  заминаҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, мамлакат роҳи пуршарафи бунёдкорӣ, созандагӣ ва рушди устуворро пеш гирифт. Ҳамзамон нақши Сарвари давлат дар таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва пешбурди сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаи давлат муҳим арзёбӣ гардид.

Иштирокчиён ёдовар шуданд, ки 16 ноябр дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи муҳими сиёсӣ ва давлатдорӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Маҳз аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он қарорҳои муҳими сиёсию ҳуқуқӣ, ки барои муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди давлат ва таҳкими сохторҳои давлатӣ замина гузоштанд, қабул гардиданд.

Ҳамчунин ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи таҳкими сулҳу амният, ҳифзи захираҳои об, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, аҳамияти байналмилалии қабули қатъномаи ЮНЕСКО таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ», ки 6 ноябри соли 2025 дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ин созмон қабул гардид, таъкид карда шуд. Ин иқдом дар муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик ва тарғиби идеяҳои башардӯстона саҳми муҳим дорад.

Дар идомаи ҳамоиш масъалаҳои сиёсати иҷтимоии давлат, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини баробарии гендерӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу фаъолияти занону духтарон баррасӣ шуданд.

Гуфта шуд, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияву барномаҳои давлатӣ барои таҳкими мақоми зан, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои оила ва фароҳам овардани имконияти баробар барои занону мардон қабул ва амалӣ мегарданд. Амалӣ намудани квотаҳои президентӣ барои духтарони лаёқатманди деҳоти дурдаст низ яке аз иқдомҳои муҳим дар самти дастгирии таҳсилу маърифатнокии духтарон арзёбӣ гардид.

Арҷгузорӣ ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром ба таърихи давлатдории миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва масъулияти ҳар шаҳрванд дар назди Ватан мебошад. Ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии мамлакат вазифаи муҳими ҳар сокини Тоҷикистон ба шумор меравад.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2026 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ