РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия эълон гардидааст. Моҳи ноябри соли 2008 дар ҷаҳон аввалин маротиба Рӯзи сарфаи энергия таҷлил шуда, минбаъд он мақоми байналмилалӣ гирифт.
Дар Тоҷикистон таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, зеро рушди иқтисодиёти миллӣ ва афзоиши аҳолӣ сабаби талаботи рӯзафзун ба неруи барқ мегардад.
Истифодаи самараноки неруи барқ дар ҳама зинаҳо- аз нуқтаи истеҳсол то нуқтаи охирини истифода муҳим буда, ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи он бояд диққати ҷиддӣ дод. Махсусан, дар мавсими зимистон хароҷот барои гарм кардани биною иншоот, новобаста аз шакли фаъолият ва манзилҳои истиқоматию утоқҳои корӣ хеле зиёд мегардад.
Мутахассисони соҳаи энергетикаи мамлакат бар он назаранд, ки бо татбиқи усулҳои одии сарфаи энергия дар мавсими сармо ва гармо метавон хароҷот барои гарм ё сард кардани хонаҳои истиқоматию утоқҳои кориро хеле кам кард. Агар ҳар шахс дар самти сарфакоронаю сариштакорона истифода намудани неруи барқ тасаввуроти кофӣ дошта бошад ва тибқи он амал намояд, вазъи молиявию иҷтимоияш беҳтар гардида, захираҳои энергетикӣ низ дар мамлакат сарфа карда мешаванд.
Роҳҳои сарфа намудани энергияи барқ гуногун мебошанд. Масалан, барои корхонаҳои истеҳсолӣ, бахши истиқоматӣ ва равшаннокию реклама дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои маданию фароғатӣ якчанд роҳу усул пешкаш карда мешавад. Кор карда баромадани меъёрҳои хоси истеъмоли барқи аз ҷиҳати илмӣ асоснок, татбиқи технологияҳои каммасрафи барқ ва маҳсулнок намудани истеҳсолот, истифодаи намудҳои алтернативии энергия, аз қабили бод, Офтоб, биогаз ва ғайра, ташкили дурусти истифода ва дар дараҷаи лоиҳавӣ нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои истеҳсолии реҷа ва таҷҳизоти энергетикӣ аз ҳамин қабиланд.
Бояд гуфт, ки дар шароити афзоиши талабот ба неруи барқ ва зарурати таъмини устувории энергетикӣ истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия аҳамияти махсус пайдо мекунад. Тоҷикистон, ки дорои иқтидори баланди гидроэнергетикӣ мебошад, ҳамзамон имконияти васеи истифодаи энергияи офтобиро низ дорад.
Мутахассисони соҳаи энергетика бар он назаранд, ки Тоҷикистон дорои иқтидори назарраси энергияи офтобӣ мебошад. Миқдори радиатсияи офтобӣ дар мамлакат дар як сол ба ҳисоби миёна аз 1400 то 1800 кВт*соат/м² мерасад ва шумораи рӯзҳои офтобӣ тақрибан 300 рӯз дар як солро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо барои татбиқи технологияҳои офтобӣ ва рушди самти истифодаи энергияи Офтоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳангоми дуруст ба роҳ мондани чораҳои амалии рушди соҳа ва имконоти мавҷуда ҷумҳурӣ метавонад баъд аз 15-20 сол ба яке аз давлатҳои пешсафи истеҳсолкунандаи дастгоҳҳои офтобӣ мубаддал гардад.
Аз соли 2024 дар Тоҷикистон истифодаи ҳатмии низоми барқи офтобӣ ҳангоми сохтмон ва таҷдиди биноҳо амалӣ карда шуд. Ин, аз ҷумла ба хонаҳои истиқоматӣ, маҷмааҳои варзишӣ, биноҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва ғайра дахл дорад.
Бо мақсади самаранок истифода намудани захираҳои энергетикии ҷумҳурӣ аз ҳисоби гидроэнергетика ва манбаъҳои дигари барқароршавандаи энергия бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2025 «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030» тасдиқ гардид. Дар доираи ин барнома истифодаи самараноки энергияи Офтоб низ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, афзудани тавоноӣ ба 1500 МВт аз ҳисоби энергияи Офтоб ба нақша гирифта шудааст.
Дар замони муосир рушди муътадили ҳама соҳаҳои иқтисодиёт дар навбати аввал аз истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии калон дорад. Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди ин соҳаи стратегӣ, яъне энергетика солҳои охир ба бунёд намудани иқтидори нав вусъат мебахшад. Ин гуна иқтидори истеҳсолӣ бунёди марказҳои барқу гармидиҳӣ дар мамлакат ба шумор меравад. Ин иқдом метавонад барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, сарфаи неруи барқ, таъминоти пурра бо барқ ва рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиёт заминаи мусоид гузорад.
Тибқи иттилои Муассисаи «Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе» имсол дар умум 3 ҳазору 300 бино ва иншооти шаҳр бо гармӣ таъмин шудаанд. Ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад. Дар ин замина ҳангоми истифодаи гармии дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсолшуда дар пойтахт неруи барқ сарфа мегардад, ки ин барои таъминоти барқ дар ҷумҳурӣ манфиатбахш аст.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






