Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд

Ноябрь 11, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Боку бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон аҳаммияти таърихию сиёсии ин санаҳои муҳим, ба хусус Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллати тоҷик таъкид намуд.

Дар ин замина нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат, пойдор намудани сулҳу оромӣ ва эҳёи рукну рамзҳои давлатдории миллии тоҷикон, аз ҷумла қабули Конститутсия ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.

Дар идома донишҷӯёни тоҷик оид ба ҷанбаҳои гуногуни ин санаҳои таърихӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ ва рушди мамлакат ибрози назар намуданд.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Ноябрь 11, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд