Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд

Ноябрь 18, 2026 09:42

ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон  Икуина Акико баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон, инчунин масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобилро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуда, аҳаммияти идомаи ҳамкории зич байни Тоҷикистон ва Ҷопонро дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид таъкид карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон

 

 

Ноябрь 18, 2026 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии ифтитоҳи бинои Сафорат дар шаҳри Берлин таҷлил гардид
Сарвазири Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амлок ва абнияи вазорати корҳои хориҷии Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Сеул Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири маҷаллаи фарҳангии «Ал-Арабӣ»-и Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ашқобод Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд