Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд

Ноябрь 6, 2026 12:45

ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт (TEC) Холид Муҳаммад Ал-Усфур вохӯрӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба роҳҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар заминаи гардишгарӣ табодули назар карданд.

Дар ин росто таъкид гардид, ки табиати чашмнавоз, таърихи қадимӣ ва мероси ғании фарҳангӣ метавонанд Тоҷикистонро ба яке аз самтҳои ҷаззоби гардишгарӣ барои шаҳрвандони кувайтӣ табдил диҳанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

 

Ноябрь 6, 2026 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид