Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард

Ноябрь 5, 2026 16:06

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш Ториқ Ал-Ҷалоҳима мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо зимни табодули назар дар бораи раванди иҷрои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки 3 ноябри соли 2024 ба имзо расидааст, фурсатҳо ва заминаҳои табдили аҳкоми санади мазкур ба барномаҳо ва ибтикорҳои муштараки амалиро баррасӣ карданд.

Дар ин росто аҳаммияти Форуми ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шурои ҳамкории Халиҷ, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21–24 майи 2025 дар Душанбе баргузор шуд, мавриди таъкид қарор гирифт. Зимнан ҳузури ҳайати ҷавонони Кувайт дар ин рӯйдоди муҳимми минтақавӣ барои тавсеаи ҳамкорӣ ва таҳкими пайвандҳои мардумӣ байни ду мамлакат қадами арзишманд арзёбӣ карда шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Ноябрь 5, 2026 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд