Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон сеюмин конференсияи солонаи иштирокчиёни Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар конференсия ҳайатҳои расмии мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон Узбекистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, масъулини вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода иброз намуд, ки аз лаҳзаи таъсиси платформа се сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат платформа имконият фароҳам овард, ки мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамбастагӣ роҳу усулҳои муосири муқовимат ба коррупсия ва чораҳои амалиро барои паст кардани шиддати ин зуҳурот таҳия намоянд.
Дар ин замина нақши платформа барои амалисозии сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муҳим арзёбӣ мегардад. Дар доираи платформа дар Тоҷикистон се маротиба чорабиниҳои омӯзишӣ баргузор карда шуданд. Дар он масъалаҳои асосҳои андозагирии коррупсия ва бархӯрди манфиатҳо баррасӣ гардид.
Ҳамзамон дар доираи платформа лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» таҳия карда шуд. Лоиҳаи ин қонун дар доираи Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муаррифӣ гардида, барои истифода пешниҳод шуд.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи татбиқи меъёрҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба қонунгузории миллӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар ин робита бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ба талаботи Конвенсия дар мамлакат беш аз 20 санади меъёри ҳуқуқии танзимшавандаи соҳа қабул ва амалӣ карда шуд»,–афзуд Сулаймон Султонзода.
Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар фаъолияти минбаъдаи платформа ба таҳия ва амалӣ намудани механизмҳои инноватсионии муқовимат ба коррупсия, аз ҷумла истифодаи технологияҳои рақамӣ, имконияти зеҳни сунъӣ ва воситаҳои муосири таҳлили маълумот таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Зеро истифодаи чунин технологияҳо метавонад ба сари вақт муайян намудани хавфҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани самаранокии назорат ва таҳкими шаффофияти равандҳои идоракунии давлатӣ мусоидат намояд.
Намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон Оливер Штолпе изҳор дошт, ки ҳарчанд аксари кишварҳо қонунгузории дахлдорро дар самти пешгирӣ ва танзими бархӯрди манфиатҳо қабул кардаанд, татбиқи амалии муқаррароти ин қонунҳо ҳамоно яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад.
Гуфта шуд, ки қабули қонун дар ин самт қадами муҳим ба ҳисоб меравад, аммо дар баробари он зарур аст, ки хизматчиёни давлатӣ низ аз моҳият, аҳамият ва талаботи қонунгузории марбут ба бархӯрди манфиатҳо огоҳии кофӣ дошта бошанд.
Оливер Штолпе таъкид кард, ки ҳалли дурусти ин масъала то ҳол мураккаб боқӣ монда, барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мансабдорони давлатӣ тадбирҳои муайян андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади фарогирии ҳарчи бештари хизматчиёни давлатӣ абзорҳои омӯзиши электронӣ таҳия гардидаанд, ки ба онҳо имкон медиҳанд талаботи соҳаро мустақилона омӯзанд.
«Мо махсусан платформаи омӯзиши электрониро таҳия намудем, зеро омӯзиши масъалаи бархӯрди манфиатҳо бояд ҳазорон мансабдори давлатиро фаро гирад. Ҳадаф аз ин иқдом ташаккули сатҳи ибтидоии дониш ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ оид ба қонунгузории марбут ба бархӯрди манфиатҳо мебошад»,-иброз дошт Оливер Штолпе.
Инчунин дар конференсия пешрафти давлатҳои минтақа дар татбиқи тавсияҳои даври якуми шарҳи татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, пешгирӣ ва танзими бархӯрди манфиатҳо, истифодаи воситаҳои муосири арзёбӣ ва андозагирии сатҳи коррупсия, инчунин муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Платформа барои солҳои оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон таваҷҷуҳи иштирокчиён ба зарурати такмили механизмҳои пешгирикунандаи коррупсия, таҳкими шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар идоракунии давлатӣ, истифодаи усулҳои муосири таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ва густариши ҳамкории мақомоти ваколатдор ҷалб карда шуд.
Баргузории сеюмин конференсияи солона дар шаҳри Душанбе бозгӯйи аҳаммияти ҳамкории созанда ва иродаи муштараки кишварҳои минтақа дар самти муқовимат ба коррупсия мебошад. Ин чорабинӣ барои таҳкими шарикии байналмилалӣ, густариши мубодилаи таҷрибаи пешқадам, ҳамоҳангсозии иқдомҳои муштарак ва муайян намудани роҳҳои нави ҳамкорӣ барои татбиқи самараноки Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад






