Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам якчанд мулоқоти корӣ баргузор намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузориро баррасӣ карданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, логистика ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо имконияти назарраси густариши ҳамкории мутақобили судмандро таъкид намуда, барои тақвияти робитаҳои байниидоравӣ, мубодилаи иттилоот оид ба имконияти сармоягузорӣ ва рушди ҳамкории мустақими соҳибкорони ду кишвар тавассути форумҳои соҳибкорӣ ва мулоқотҳои B2B ба мувофиқа расиданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






