«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» ифтитоҳ гардид, ки то 14 ноябр идома меёбад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳадафи намоишгоҳ муаррифии доираи васеи молу маҳсулот ва хизматрасониҳои ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ, воридкунандагони маҳсулот, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманд ва бастани шартномаҳои тиҷоратӣ мебошад.
Дар намоишгоҳ ширкатҳо аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Эрон, Покистон, Русия, Беларус ва Чин маҳсулот ва хизматрасонии худро ба маърази тамошо гузоштаанд. Инчунин иштирокчиён маҳсулоти соҳаҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, ҳунарҳои мардумӣ ва саноати вазнинро муаррифӣ менамоянд.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи таҷҳизот барои хизматрасонии автомобилӣ, ширкатҳои муҳандисӣ, ки ба тарҳрезӣ ва истеҳсоли таҷҳизот барои соҳаҳои гуногуни саноат машғуланд, инчунин таъминкунандагони таҷҳизот ва ширкатҳои бунёдкунандаи маҷмааҳои гармхонаӣ ҳузур доранд. Ҳамзамон истеҳсолкунандагони ватанӣ ва хориҷии маводи кимиёвии рӯзгор маҳсулоти худро пешниҳод менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»

































Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст






