Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад

Ноябрь 18, 2026 09:21

ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва экосистемаҳои кӯҳӣ дар рӯзномаи байналмилалии иқлимии мамлакат мавқеи марказиро ишғол мекунанд. Эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ», солҳои 2025-2034 мавқеи Тоҷикистонро ба хотири тақвияти талошҳои ҷаҳонӣ барои ҳифзи криосфера инъикос мекунанд. Чунин иброз дошт Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар нишасти вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Аз уҳдадориҳо то ба амал»  дар шаҳри Анталияи Туркия.

Иттилоъ дода шуд, ки тақрибан 98 фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Инчунин қабули Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки принсипи «ифлоскунанда пардохт мекунад»-ро дар бар мегирад, низоми миллии идоракунии экологиро боз ҳам тақвият хоҳад дод.

Иброз гардид, ки тағйирёбии иқлим, ба хусус обшавии босуръати пиряхҳои Помир ва Тян-Шон, ки барои захираҳои обӣ, амнияти озуқаворӣ, энергетика ва некӯаҳволии миллионҳо нафар дар минтақа хеле муҳим аст, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад.

Таъкид шуд, ки саҳми Тоҷикистон дар партовҳои ҷаҳонии газҳои гулхонаӣ ҳамагӣ тақрибан 0,03 фоизро ташкил дода, бо вуҷуди ин мамлакат зери таъсири манфии тағйирёбии иқлим, аз ҷумла камшавии пиряхҳо, обхезиҳо ва селҳо  қарор дорад.

Тоҷикистон омодагии худро барои ҳамкории минбаъда бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, фондҳои иқлимӣ ва шарикони рушд барои татбиқи самараноки NDC 3.0, тақвияти устувории иқлимӣ ва таъмини рушди устувор таҳким  мебахшад.

«Ҳадафи муштараки мо гузаштан аз уҳдадориҳо ба амал ва табдил додани ояндаи кӯҳҳои мо ба заминаи амният ва шукуфоии наслҳои оянда аст», – афзуд Баҳодур Шерализода.

Ёдовар мешавем, ки аз 9 то 20 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) баргузор мегардад.  Нишасти вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Аз уҳдадориҳо то ба амал»  низ дар доираи ин конфронс доир шуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 18, 2026 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад