Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд

Ноябрь 13, 2026 11:14

ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешбурди рӯзномаи иқлимӣ: пиряхҳо, криосфера ва устуворӣ таҳти таъсири аз ҳад зиёд, масъулияти муштарак ва рушди маблағгузорӣ» ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи Конфронси 31-уми иқлимии Созмони Милали Муттаҳид (COP31) дар ҳамкорӣ бо Қирғизистон, Непал, Покистон ва Бутан доир шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш Раиси Девони вазирони Қирғизистон Адилбек Қосималиев, Президенти Бонки Осиёии рушд Масато Канда, Вазири кишоварзии Туркия Иброҳим Юмаклӣ, инчунин намояндагони ЮНЕСКО ва 8 давлати дигар иштирок намуданд.

Иштирокдорони ҳамоиши байналмилалӣ масъалаҳои ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ, пиряхҳо ва криосфера, тақвияти устувории минтақаҳои кӯҳӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим ва сафарбаркунии захираҳои зарурии молиявиро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба зарурати тақвияти ҳамкории байналмилалӣ, густариши таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги ҳолати пиряхҳо, татбиқи чораҳои мутобиқшавӣ ва таъмини маблағгузории устувор ва пешгӯишаванда барои ташаббусҳои иқлимӣ дар давлатҳои кӯҳистон равона гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадории худро барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлимӣ ва густариши иқдомҳои байналмилалӣ ба хотири ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ тасдиқ намуд. Ин иқдом бори дигар нақши фаъоли мамлакати моро дар ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар арсаи байналмилалӣ, инчунин мавқеи устувори онро дар таҳкими ҳамбастагӣ ва масъулияти муштарак байни давлатҳо дар муқобили мушкилоти иқлими ҷаҳонӣ нишон дод.

Тоҷикистон дорои пиряхҳо ва захираҳои зиёди обӣ мебошад. Давлати мо барои  муттаҳид сохтани кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ, таъмини амнияти об ва эҷоди ояндаи устувор барои наслҳои имрӯза ва оянда талошҳои худро идома медиҳад.

 

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 13, 2026 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид