Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд

Ноябрь 11, 2026 09:33

ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ  ба имзо расид. Ёддошти тафоҳум дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба имзо расонида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ хабар доданд, Ёддошти тафоҳум ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ, табодули донишу таҷриба, инчунин татбиқи ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муштарак равона гардидааст.

Дар доираи ин санад ҳамкорӣ дар самтҳои таҳия ва такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар низоми идоракунии давлатӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва ҳисоббарорӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, дастгирии инноватсия ва омодасозии мутахассисони соҳа пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон ба масъалаҳои рушди зеҳни сунъии бехатар ва масъулиятнок, ҳифзи маълумоти шахсӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва киберӣ, инчунин дастгирии стартапҳо ва татбиқи технологияҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳо ва таъмини татбиқи амалии мувофиқаҳо таъсиси гурӯҳи кории муштарак пешбинӣ гардида, тавассути табодули коршиносон, баргузории конференсияҳо, машваратҳои корӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ, таълимӣ ва озмоишӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 11, 2026 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад