Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода бо намояндаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Зулфиқор Хон ва директори минтақавии Маркази байналмилалии соҳибкории хусусӣ (CIPE) оид ба Аврупо ва АвруОсиё Лиза Ленс Ҷедваб баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷонибҳо омодагӣ ба форумҳои дарпешистода, дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи соҳибкорӣ, густариши робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва ҷалби бахши хусусиро ба ташаббусҳои муштарак баррасӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рушд ёфта, барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ имконоти мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Раиси Палата барои тақвияти робитаҳои мустақими соҳибкорӣ якчанд самти афзалиятнокро пешниҳод кард. Баланд бардоштани иқтидори содиротии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, рушди соҳибкории стартапии занон ва ҷавонон, баргузории семинару омӯзишҳо, инчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ, арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва миёнаравӣ (медиатсия) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Ҳамзамон ташаббуси таъсиси Шурои муштараки корӣ байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод гардид. Ин ниҳод барои ташкили мунтазами миссияҳои тиҷоратӣ, иштирок дар намоишгоҳҳо, вохӯриҳои мустақими соҳибкорон дар қолаби B2B ва баимзорасонии созишномаҳои нави сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои татбиқи пешниҳодҳои тарафайн ва идомаи муколамаи созанда изҳори омодагӣ карданд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд






