Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд

Ноябрь 4, 2026 13:26

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар шаҳри Душанбе зимни вохӯрии ҳайати Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Палатаи савдои хориҷии Олмон ва ширкатҳои олмонӣ масъалаи дурнамои тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории дорои аҳаммияти стратегӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Дар мулоқот  иброз гардид, ки дар заминаи сиёсати созандаи роҳбарияти олии Тоҷикистон ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон солҳои охир густариш ёфта, барои рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Зимни вохӯрӣ ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок, энергетикаи барқароршаванда, татбиқи технологияҳои «сабз» ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории  соҳибкорӣ, густариши робитаҳои мустақими иқтисодӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Олмон изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 4, 2026 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид