Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд

Ноябрь 17, 2026 16:29

ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан иттилоъ додем, 9 ноябр дар  шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия  Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) оғоз гардида,  то 20 ноябр идома меёбад.

Аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи конфронс мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Вазири экологияи Ҷумҳурии Озарбойҷон Рашад Исмоилов баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  ба таҳияи «Барномаи муштараки ҳамкории экологӣ барои солҳои 2027-2028», ки мубодилаи таҷрибаи коршиносон, фаъолияти муштарак ва татбиқи ташаббусҳои мушаххаси экологиро пешбинӣ мекунад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо имконияти ҳамкорӣ дар идоракунии устувори ҷангалҳо, мониторинги гуногунии биологӣ ва ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла тавассути таҳияи лоиҳаҳои муштарак бо Фонди ҷаҳонии экологӣ ва дигар ташкилоти молиявии байналмилалӣ ва шарикро баррасӣ намуданд.

Баҳодур Шерализода иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» 2 миллиард бех дарахт шинонида мешавад.

Ҳамзамон ба рақамӣ кардани идоракунии муҳити зист, аз ҷумла  мубодилаи таҷриба дар татбиқи системаи экологияи рақамӣ, мониторинги рақамии муҳити зист, иҷозатномадиҳии муҳити зист, пойгоҳҳои обуҳавошиносӣ ва гуногунии биологӣ диққати махсус дода шуд.

Зимни вохӯрӣ манфиатдории мутақобили Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар густариши шарикии экологӣ ва пешбурди муштараки ташаббусҳое, ки ба ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи мероси табиӣ нигаронида шудаанд, тасдиқ карда шуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 17, 2026 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Хатлон ба 42,5 миллиард сомонӣ баробар шуд