МАШВАРАТИ КОРИ ДАР НАЗДИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Октябрь 13, 2008 14:30

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати мамлакат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор идораву муассисаҳои давлатӣ ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд. Дар машварат масоили вобаста ба татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни сафари кории ў ба ноҳияҳои водии Рашт баён гашта буданд ва санадҳое, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон  дар ҳамоишҳои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои пурраю саривақтӣ ва босифати онҳо ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масоили кишти тирамоҳии ғалладона ва сабзавоту картошкаи барвақтӣ,  ба кор даровардани гармхонаҳои сабзавотпарварӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони пешомад, аз ҷумла баҳри захира намудани маводи сўхт ва озуқаворӣ таваҷҷўҳ намуда, дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.Супоришҳои қатъӣ оид ба тезондани сохтмони нерўгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, ба кор даровардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, бо газу барқ таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ ва расондани об ба хоҷагиҳои кишоварзӣ баҳри гузарондани кишти тирамоҳӣ ва ҳамчунин доир ба ҷамъоварии маблағи истифодаи газ, барқ ва об дода шуд.

Октябрь 13, 2008 14:30

Другие новости этой рубрики

BigData в твоём смартфоне: как операторы формируют персональные предложения?
О ПОГОДЕ: сегодня в Душанбе переменная облачность, без осадков
Таджикистан и Иран расширяют сотрудничество в различных секторах социальной защиты населения
Комитет по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне просит водителей перед поездкой изучить состояние дорог
О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане переменная облачность, без осадков, туман
В Душанбе обсудили рациональное использование электроэнергии
В районе Рудаки обсудили развитие ремесленничества и использование президентских грантов
Вдоль автомобильной дороги «Душанбе — Рудаки — Вахдат» посажены сотни саженцев вечнозеленых деревьев
О ПОГОДЕ: сегодня в районах республиканского подчинения местами столбик термометра опустится до 6-8 градусов мороза
О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане облачно, дождь, снег
О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане переменная облачность, в долинах дождь
В Таджикистане ожидается неустойчивая погода, дождь и снег