љАЛЛОБ БА ДАСТ АФТОД
Душанбе, 21 апрел. (АМИТ«Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Раиси хоҷагии ба номи «Бобои Абдурозиқ»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Алихон Абдуразоқов, бо сӯиистифода аз мансаб, барои ҷудо намудани 0,24 га қитъаи замини наздиҳвлигӣ аз шаҳрванд А.. маблағи 2000 рубли русӣ ва 2000 доллари ИМА талаб карда мегирад. Ҳамин тариқ А. Абдуразоқов дар 5-ҳолат аз 5-нафар шаҳрвандони дигар низ аз 1000 то 4.500 долари ИМА, ҷамъ маблағи 2000 рубли русӣ ва 10700 доллари ИМА гирифта, то ҳол ҳуҷҷатҳои замин ва пулҳои гирифтаашро ба онҳо бар нагардонидааст.Тавре аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нисбати А. Абдуразоқов аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон бо моддаи 247 қисми 3-и Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.