БАРНОМАИ НАВИ ТАЪЛИМв БАРОИ МАКТАБІО

Сентябрь 2, 2009 14:42

               Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 1-уми сентябр сад нафар талабаи синфи 1-ум ба мактаби таҳсилоти умумии №20-и шаҳри Душанбе ба машғулиятҳо шурӯъ намуданд. Дарси нахустини онҳо дарси дониш ва сулҳ буд. Онҳо суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро зимни мулоқоташ бо муаллимон ва донишҷӯёни мактабҳои олии мамлакат гуш карданд.               Дар мактабҳои ҷумҳурӣ соли таҳсили 2009-2010 барномаҳои нави таълимӣ истифода карда мешаванд. Ғайр аз маълумоти синфҳои ибтидоӣ, асосӣ ва маълумоти миёна дар як ҳафта 4 соат дарсҳои иловагии пулакии психолог, духтур ва забонҳои хориҷӣ гузаронида мешавад, ки он бо розигии волидайн ва талаба дар асоси шартнома амалӣ карда мешавад,- қайд намуд директори мактаб Дилором Саъдулоева.

Сентябрь 2, 2009 14:42

Другие новости этой рубрики