ДАР МАРКАЗИ ПОЙТАХТ ЯК САДАМАИ НАљЛИЁТв БА љАЙД ГИРИФТА ШУД
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тибқи иттилои дафтари матбуоти БДА шаҳри Душанбе, 16 сентябр дар чорроҳаи Рудакӣ — Мазаева садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Ленд Ровер» Муҳиддин Ҳошимов, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми харакат бо кӯчаи Рудакӣ ба автомашинаи тамғаи «Мерседес — Бенс», ки ронандааш Нарзулло Абдуллоев мебошад, бархӯрд. Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи «Ленд Ровер» Дилором Раҳмонова аз гирифтани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад, ду ронанда аз гирифтани ҷароҳати гуногун дар беморхонаи марказии пойтахт бистарӣ гардиданд. Айбдор муайян карда мешавад. Тафтишот идома дорад.