ДУШАНБЕ МАРКАЗИ ФАРІАНГИ ИСЛОМв
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар конфронси У1 вазирони фарҳанги давлатҳо – аъзои Созмони конфронси Исломӣ иштирок дорад. Мақсад аз ширкат дар ин конфронс муаррифии барномаи «Душанбе — маркази фарҳанги исломӣ дар соли 2010» ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои ин барнома бо намояндагони давлатҳои Созмони конфронси Исломӣ мебошад. Конфронс бо иштироки 25 вазир, 11 муовинони вазирон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ аз 45 давлати ҷаҳон дар шаҳри Боку мегузарад. Ҳамчунин Мирзошоҳрух Асрорӣ дар мизи мудаввар дар мавзӯи «Муколамаи байнифарҳангӣ» иштирок дорад.