М. АІМАДИНАЖОД БА ДУШАНБЕ ОМАД
04 январи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.Маросими истиқболи расмии сарвари давлати ба мо дӯст ва ҳамзабону ҳамфарҳанги Эрон дар назди Қасри Миллат баргузор гардид. Меҳмони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Маросими истиқболи расмӣ тибқи муқаррароти протоколи давлатӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштани сарони давлатҳо аз назди ҷузъутомҳои горди фахрӣ, арзи салом ба горди фахрӣ ва эҳтиром овардан ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар охири маросими истиқболи расмӣ Сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб шинос шуданд. Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо расми гузашти низомии ҷузъутомҳои горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ба поён расид. Масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Эрон нахуст дар мулоқоти хосса ва сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат баррасӣ мегардад. Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои расмӣ ҳамчунин ба имзо расидани як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.










Юных художников Таджикистана приглашают к участию в международном конкурсе рисунков к Дню победы
О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане переменная облачность, без осадков
В Душанбе состоялось культурное мероприятие «Дидор»
Международный туристический форум «Путешествуй!» пройдёт в Москве
О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане переменная облачность, в отдельных районах временами осадки
КАЛЕНДАРЬ НИАТ «ХОВАР»: сегодня 22 марта, воскресенье, 81-й день 2026 года
О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане переменная облачность, без осадков
О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане переменная облачность, ночью кратковременный дождь, днем без осадков
Министр здравоохранения и социальной защиты населения Таджикистана посетил Центральную больницу Нурека
Фильмы и ТВ-каналы – без доплат и списания трафика
Семинары для экологических инспекторов






