КоМАКИ ХАЙРИЯ БА ХОНА ИНТЕРНАТИ МАЪЮБОН
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 19 марти соли ҷорӣ Хадамоти давлатии ташхисию тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврўз ба хона интернати маъюбони ноҳияи Ваҳдат ба маблағи 800 сомонӣ кумак расонд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини сардори Хадамоти давлатии ташхисю тиббию иҷтимоии Вазорати мазкур Амонулло Ғоибов иттилоъ дод, ба маблағи 800 сомонӣ ба хона интернати маъюбони ноҳияи Ваҳдат ва инчунин, 1600 сомонӣ бар асари офати таббии ки дар ноҳияи Ванҷ рух дода буд ба зарардидагони ноҳияи мазкур ёрӣ расонида шуд.