ШОКИР¶ОН ІАКИМОВ МА’ЛУБ ШУД?
Душанбе, 15 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндаи Ҳизби Халқи-демократии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудов дар интихоботи такрории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 14 март дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Конибодом №19 баргузор шуд, 54,7 % райъи интихобкунандаҳоро соҳиб шуда, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Рақиби вай намояндаи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов танҳо 41, 7 фоизи райъро ба даст овард. Тибқи иттилоъи Раиси ҳавзаи якмандатаи интихоботии Конибодом №19 Аҳрор Сарисоқов, интихоботи такрорӣ дар сатҳи баланд, шаффофу демократӣ сурат гирифта, дар он беш аз 84 ҳазор райъдиҳандагон иштирок карданд.