БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 16-умин солгарди қабули Сарқонуни ҶТ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин маросим директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Нурулло Маҳмадуллоев кормандонро бо ин рӯзи фархунда табрик намуда, Конститутсияро чун санади тақдирсози имрӯзу фардои ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Сипас, Абдуллоҳи Қодирӣ-сардори Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентӣ доир ба аҳамияти Конститутсия ва дар мавзӯи «Конститутсия-кафили рушди ҷомеаи адолатпарвар ва волоияти қонун» маърӯза намуд. Дар интиҳои нишаст дар мавриди ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва бобҳои алоҳидаи Конститутсия саволу ҷавоб сурат гирифт.