ОБОДКОРв ДАР НОІИЯИ ’АФУРОВ
Суғд, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмони ноҳияи Ғафуров ба истиқболи ҷашни фархундаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ба ободкорию созандагӣ машғуланд. Ин тадбирҳо дар асоси чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки фаъолон сурат мегирад. Тавре раиси ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмон Бахтиёр Ашӯрматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар деҳот 10 адад биною иншооти гуногуни маъмурӣ, истеҳсолию иҷтимоӣ қомат афрохта, дар маҷмӯъ 150 нафар сокинони ҷамоат бо ҷойи кор таъмин мешаванд.