Ёдбуди Султон Сафар дар Душанбе
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Пагоҳ, 27 январ дар театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов маҳфили ёдбуди Арбоби ҳунари Тоҷикистон, нависанда ва драмнависи машҳур Султон Сафар баргузор мегардад. Гуфта мешавад, ки дар ин маҳфил аҳли адаби кишвар ва шогирдони ӯ иштирок хоҳанд кард. Султон Сафар баъди хатми Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Шепкини Москав аввал ба ҳайси ҳунарпешаи театри ҷавонон ва Театри академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда, баъдан дар Раёсати санъати Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон, сармуҳаррири Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонӣ, муҳаррири калони вазорати маданият ва дигар вазифаҳои ҷамъиятиву давлатӣ кор кардааст. Ҳамчунин хизмати ӯ дар соҳаи драматургияи тоҷик низ бузург аст. Драмаҳои машҳури Султон Сафар «Қарзи виҷдон», «Қасос», «Абадзинда», «Гирдоб», «Алафҳои бегона», «Муҳаббат ва адолат» мавзӯъҳои муҳими зиндагиро дар бар гирифтаанд. Арбоби ҳунар, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Султон Сафар соли 1935 дар ноҳияи Айнӣ чашм ба олам гузошта, соли 2008 баъди бемории тӯлонӣ дар Душанбе вафот кардааст.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






