Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд

Октябрь 29, 2026 10:10

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар ҳошияи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар майдони Дӯстии пойтахт маросими гулгузории роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.

Меҳмонони олиқадр бо ҳамроҳии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар фазои тантанавӣ зери пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулу гулчанбар гузошта, ба арзишҳои волои миллию таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик эҳтиром ба ҷо оварданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 29, 2026 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш