Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Шарқи Дур
Душанбе,28.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар кишвари Шарқи Дури ФР Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо рӯҳияи баланду ифтихор аз ватандориву оинҳои муқаддаси он аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ таҷлил гардид. Дар чорабинии идона, ки дар маркази шаҳри Благовещенск бо ибтикори ҷавонмарди ватандӯст Раҳматҷон Ҷанҷолов ва дигар аъзои фаъоли ҷамъияти тоҷикони Благовешенск баргузор гардид, тамоми ҷамъиятҳои тоҷикони Шарқи Дур, Бирабиҷону шаҳри Комосомоли лаби Амур ва Хабаровск ширкат варзида, бори дигар нишон доданд, ки онҳо, новобаста аз мавқеъ ва масофаи роҳ ҳамеша якдилу сарҷамъ буда, як ҳадаф доранд-ободиву тинҷии Ватани азизашон, ки бо вуҷуди ҳазорҳо фарсах дур будан меҳри Ватан дар қалбҳояшон абадан маскан дорад. Тавре ки ба мо раиси бонувони тоҷики Хабаровск Моҳтоб Ғафурова иброз дошт, тоҷикон аз азал мардуми сарбаланду сулҳпарвар ҳастанд ва мо-тоҷикон, аз ҷумла модарони тоҷик ҳамеша хостори сулҳу амонии дунё ҳастем. Дар чорабинӣ намоиши либосҳои миллӣ ва дастурхони идонаи тоҷикон, ки аз хӯрокҳои гуногуни миллии тоҷикона пурбаракат буданд, ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик бо намоиши намудҳои варзиши кёкушинкай, гӯштини миллӣ ва муштзаниву ҷаҳидан ба дарозӣ ҳусни дигар бахшид. Зери навоҳои дилангези овозхонони тоҷик, меҳмонону мизбонон мерақсиданду шодӣ мекарданд.
Дар чорабинӣ дигар меҳмонон аз ҷамъиятҳои Благовешенск ва Бирабиҷону сохторҳои маъмуриву қудратии вилояти Амур ширкат варзида, ба меҳмоннавозиву фарҳанги бои мардуми тоҷик баҳои баланд доданд.
Садбарг Боқиева, Благовешенск, ФР.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






