Пешвои миллат аз 8 сафири нав эътимоднома қабул кард

Июль 19, 2016 10:49

Душанбе, 19.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Сейтимов, Ҳиндустон Сомнатх Гҳош, Ҷопон Хаҷимэ Китаока, Шоҳигарии Таиланд Нат Пинёваттаначип, Ҷумҳурии Лаҳистон Петр Ивашкевич, Босния ва Гертсеговина Кемал Муфтич, Ҷумҳурии Чили Хуан Эдуардо Эгигурен ва Австралия Питер Мартин Теш эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро бо оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ дар назди давлати тозабунёди мо вазифаи басо муҳими воридшавӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси субъекти мустақил ва баробарҳуқуқи низоми навини робитаҳои байналмилалӣ меистод ва, хушбахтона, тайи давраи соҳибистиқлолӣ мо бо доираи васеи аҳли олам ҳамкориҳои судманду баробарманфиати сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитариро ҳам дар сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ба роҳ монда, сафи ҳамёрони худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дучанд афзун гардонидем.

Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳиндустон, Ҷопон, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Лаҳистон, Босния ва Гертсеговина, Ҷумҳурии Чили ва Австралия андешаронӣ карда, изҳори умед намуд, ки сафирон бо Тоҷикистон шиносоии наздик пайдо карда, барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд.

Июль 19, 2016 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар”
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд