Тантанаҳои фарҳангии марказӣ ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 09.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тантанаҳои фарҳангии марказӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бегоҳии имрӯз дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар оғоз Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ карда, тамоми мардуми ватандӯст, фарҳангпарвар ва бунёдкори Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сокинони пойтахти кишварамон – шаҳри Душанберо ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди истиқолияти давлатӣ табрик гуфта, тазаккур доданд, ки неъмати пурқиматтарин ва дастоварди бузургтарини мо истиқлолият мебошад. Дар идомаи суханронӣ Роҳбари давлат зикр доштанд, ки дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.
Халқи шарифу қаҳрамони тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, дар чаҳоряк асри соҳибистиқлолии хеш ба хотири ободии Ватан раванди созандагӣ, яъне бунёди нерӯгоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт.
Дар ниҳояти суханронии худ Пешвои миллат ҷашни 25 — солагии истиқлолияту озодии Ватанро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон таҳният гуфтанд.
Баъд аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барномаи муҳташами фарҳангии ҳунармандону ҳаваскорон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ баргузор гардид.
Барномаи театркунонидашудаи ҷашнӣ иборат аз суруду таронаҳо ва саҳнаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 25 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби бештар аз 12 ҳазор нафар манзури ҳозирин карда шуд, ки ҷолибу диданӣ буд. Мушакандозии бардавом анҷомбахши барномаи театркунонидашуда буд, ки хушу хотирмон сурат гирифт.




























Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе «Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбӣ»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ватанпарварро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нуман Куртулмушро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд






