Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ: «Тоҷику ӯзбек дӯст не-бародарони ҷигаргӯшаю ҷигарбанд ҳастанд!»

Октябрь 12, 2016 16:44

Душанбе, 12.10.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Шоири шинохта ва шахсияти маъруф аз  тоҷикони Ӯзбекистон Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ яке аз адибони фаъолу сермаҳсули ҳавзаи адабии Тоҷикистон аст. Устод Ҳаёт Неъмат  ҳамасола дар ҷашни Ваҳдати миллӣ ба Тоҷикистон омада, то таҷлили Истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳри Душанбе   мемонад. Тӯли ин муддат аз гӯшаву канори гуногуни кишвар дидан мекунад. Устод дар баробари яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Самарқанди бостонӣ буданашон, инчунин ҳамчун адиби шинохта миёни форсизабони ҷаҳон низ мақоми арзандаро ноил шудаанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо устод Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ ҳамсуҳбат гардид, ки муҳтавои онро манзури шумо, хонандагони азиз мегардонем:

— Устоди азиз, Шуморо бори дигар ба Тоҷикистон хуш омадед мегӯем. Аз осори ғании Шумо бештари мардуми Тоҷикистон огаҳ ҳастанд. Мехостем бифаҳмем, ки бори аввал машқи қаламро аз чандсолагӣ шурӯъ кардед ва аввалин устоди худ киро медонед?

-Ҳаёт Неъмат: Лоиқи бузург аввалин устоди ман аст, гарчанде замони бо Лоиқ вохӯрданам, ман аллакай пухта расидагӣ будам, (табассум мекунад), вале Лоиқи бузург ба ман ҳаққи устодӣ доранд.  Ману Лоиқ бародар будем. Ман ӯро «ако» мегуфтам, Лоиқ аз ман ду сол хурд буд. Шумо хуб медонед, ки ман  бештар бар ғазалҳои Лоиқ мухаммас менависам. Як хотираи ширин дорам, ки ба шумо нақл мекунам.  Дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ману Лоиқ нишаста будем, он вақт Лоиқ 30 ва ман 32- сола будам. Баногоҳ як ҷавони тахминан 20-25- сола омаду дар як варақ шеърҳои навиштаи худашро ба Лоиқ нишон дод,  Лоиқ онро диду рӯяшро турш кард. Баъд ман гуфтам, ки акаҷон, канӣ ба ман диҳед, ман ҳам бинам. Лоиқ гашту гуфт, ки чӣ гуфтӣ?  Гуфтам, ки  ҳеҷ чиз не, акаҷон гуфтам. Акаҷон гуфтани ман ба Лоиқ хуш омад ва мо аз ҳамон лаҳзаҳо акаву укои якумра шудем. Шеърҳои он ҷавонро дидаму ба Лоиқ гуфтам, ки акаҷон, ин шеърро бинед, баъзе фикрҳои нағз дорад.  Лоиқ  гуфт, ки канӣ бинам,  дида баромаду  гуфт, ки  бало будед-  ку шумо. Хандиданду гуфтанд, ба фикрам худатон ҳам ягон чиз менависед. Ҳа гуфтаму  мухаммасамро пешниҳод намудам,  он кас дида, хандиданду гуфтанд: «медонам, Самарқанд ҳоло зиндааст».

Аз ҳамон айём ба ин тараф ману Лоиқ бародарони наздик шудем. Ман ба Тоҷикистон меомадам, Лоиқ бо дигар адибони тоҷик ба Самарқанд мерафтанд. Пайваста мо аз аҳволи якдигар ва фазои фарҳангии ду тараф бохабар будем. Лоиқ ва дигар адибони тоҷикистониро дар Самарқанд хеле хуб ва бо муҳаббати зиёд қабул мекарданд.

-Устод, агар ба таърих ҳам назар кунем, мебинем, ки мардуми тоҷику ӯзбек аз азал воқеан ҳам дӯсту бародар буданд. Мисоли хеле барҷаставу мондагор дӯстии ду фарзанди баруманди тоҷику ӯзбек- устод Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ буда метавонад, ки инро касе инкор карда наметавонад.

-Ҳаёт Неъмат: Бале, бале дуруст гуфтед. Вале як чизро ба шумо мегӯям, ки  ман борҳо дар маҳфилҳои адабии Самарқанд гуфтаам. Тоҷику ӯзбек дӯст не, ду бародари ҷигаргӯша ва ҷигарбанд ҳастанд. Дӯст на ҳама вақт аз аҳволи дӯсташ бохабар шуда метавонад, вале бародар бар замми ҳама нофаҳмиҳову дуриҳо дар мушкилтарин лаҳзаҳо дар бари бародараш ҳозир мешавад, дар хурсандияш хурсандӣ мекунаду дар мусибаташ нороҳату ғамшарик аст. Тоҷику ӯзбек- ана ҳамин ду бародаре ҳастанд, ки касе онҳоро аз ҳам ҷудо карда наметавонад. Вақт, таърих довари одил аст. Тоҷикони зиёд дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, ӯзбекони зиёд дар Тоҷикистон ҳаёт ба сар мебаранд. Ин мардум ҳак доранд, ки пайваста аз ҳолу аҳволи якдигар бохабар бошанд, якҷоя шодиву сурур дошта бошанд, робитаҳои пайвандиашонро густариш диҳанд. Ман қаблан дар суҳбат бо дигар журналистон иброз дошта будам, ки ман бо собиқ Сарвазири Ӯзбекистон, имрӯза иҷрокунандаи вазифаи Президент Шавкат Мирзиёев боре ҳамсуҳбат шуда будам. Як инсони воқеан ҳам фарҳангӣ ва  адабиётдӯст ҳастанд. Ва мо тоҷикону ӯзбекон умедворем, ки Шавкат Мирзиёев барои муносибати мустаҳкамтари таърихии ду бародар- тоҷику ӯзбек боз ҳам бештар талош мекунанду дар раванди пурталотуми ҷаҳонишавӣ пайванди бародариямонро устувор нигоҳ медоранд. Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонро ҳам хуб мешиносам, ҳамсуҳбат  ҳам шудаем. Мо ҳама дӯсташ медорем. Хизматаш барои миллати тоҷик беназир аст.  Лоиқ мегӯяд, ки:

 Мо аз он майдонғарибон нестем,

К-ин дили мо бе тақозо бишканад.

Ман гуфтам:

Тоҷикем, аз кинадорон нестем,

Мо ҷудо аз ҳақгузорон нестем,

Мо бузургем, бе бузургон нестем,

«Мо аз он майдонғарибон нестем,

К-ин дили мо бетақозо бишканад».

Лоиқ мегӯяд:

Гардани гардуни гардон бишканем,

Пеш аз он ки гардани мо бишканад.

Ман гуфтам:

Гандаҳоро сиюду дандон  бишканем,

Ҳалқаи зиндони пинҳон бишканем,

Нахли дун аз бех чандон бишканем,

«Гардани гардуни гардон бишканем,

Пеш аз он ки гардани мо бишканад».

Лоиқ аз ин  кори ман хурсанд буд. Шеърҳои Лоиқ,  ки ба дардам наздик буданд, ман ба онҳо муххамас навиштам.

— Устоди азиз,  нақшаҳо чӣ гунаанд, чӣ корҳоеро дар Тоҷикистон ба анҷом расонидед ва кадом нақшаҳои тоза доред, ки ҳанӯз амалӣ нашудаанд?

-Ҳаёт Неъмат: Ба ростӣ нақшаҳо зиёданд. Ман одатан як инсоне ҳастам, ки ором нишастанро дӯст намедорам, ҳамеша саргарми коре ҳастам. То охири моҳи декабр ин ҷо мемонам, раводид (виза)  муҳлаташ ба охир мерасад, ҳаво ҳам сард шуда истодааст, баргаштанам лозим аст.  Бо супориш ва дастгирии Ҳукумати ҶТ бояд китобам дар ҳаҷми 400 саҳифа бо номи «Фарҳанги истилоҳоти осори Ҷалолиддини Балхӣ»  рӯи чоп биёяд. Ҳаминро интизорам.  Мақсаду ҳадафи асосии ман- ин дидори Тоҷикистони азиз ва адибону шоирону олимони ин кишвар аст.  Дар Тоҷикистон ман дар хонаи худам ҳастам, нороҳатию ташвиш надорам, ҳар шом барои машқи бадан 3 километр ҳаракат мекунам. Ҳар шаб пеш аз хоб 2 ашӯла месароям (табассум мекунад), худамро хуб ҳис мекунам, баъд хоб меравам. Ашӯлахониро аз бобоям Мулло Ҳасани Чуҷа, ки номаш дар китоби Туғрал ҳаст, омӯхтаам. Бобоям гарчанде табиб буданд, вале ашӯлахониро дӯст медоштанд. Падарам солҳои зиёде корманди ҳизбӣ буданд, модарам инсони бузурги бемисл буданд (рӯҳашон шод бошад), бисёр зани меҳрубону донишманд буданд.

Устод, ташаккур ба Шумо барои як суҳбати самимӣ. Мо аз суҳбати Шумо ғизои маънавӣ бардоштем. Умедворем, ки Шумо ба Тоҷикистон меоед ва ҳавзаи адабии адибони тоҷику ӯзбек боз ҳам мустаҳкамтар мегардад.

-Ҳаёт Неъмат:

Тоҷикистон, ҷони ман, ҷонам ба ҷонат, эй Ватан

Ҷон бубахшад бар равони ман равонат, эй Ватан.

Ман туро танҳо ба номат дӯст дорам, на дигар,

З-ин сабаб оям ҳаме бар остонат, эй Ватан.

Ба шумо ташаккур, ки аз ҳоли ман бохабар шудед, ман воқеан ҳам муштоқи ҳамин гуна суҳбатҳои созанда ҳастам. Чанде пештар дар яке аз маҳфилҳои адабӣ дар Самарқанд  атрофи як ғазали ишқӣ-лирикии  сардафтари адабиёти ӯзбек Алишер Навоӣ  баҳс кардем. Тоҷикону ӯзбекон ҳар кас ҳар гуна он ғазалро тафсир карданд:

Нигори турку тоҷикам кунад сад хона вайрона,

Бад- он мижгони тоҷиконаву  чашмони туркона.

Ва ман зимни баромадам гуфтам, ки шумо зоҳири гуфтаи устод Алишер Навоиро дида истодаед,   ба ботинаш эътибор надодед.  Мақсади Навоӣ аз он  иборат аст, ки тоҷик агар мижгон бошад, ӯзбек чашм аст. Агар мижгон набошад,  ба чашм ҳар хел хору хас даромада, чашмро кӯр мекунад. Яъне мазмун чунин аст:  Навоӣ гуфтан мехоҳад, ки  ҳамин мижгону чашм бе ҳамдигар буда наметавонанд ва ин дуро аз ҳам ҷудо карда намешавад. Бовар кунед,  як кафкӯбии тӯлонӣ шуд, ки толор ба ларза омад (табассум мекунад).

Ман ба мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ва мардуми бародар ва дӯсти Ӯзбекистон сарбаландӣ, ободиву ваҳдатро таманно мекунам, бигузор риштаи дӯстию бародарии мо ҳамеша ҷовидон бошад.

Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

Саломат бошед!

Октябрь 12, 2016 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»