МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Равғани зайтун барои коҳиши холестерин муфид буда, бемории сактаи дилро пешгирӣ мекунад

Февраль 2, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 02.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Равғани зайтун як навъи равғани растанӣ буда, аз меваи зайтуни аврупоӣ (Olea europaea) гирифта шудааст. Он дорои витаминҳои A, D, E ва K буда, истеъмолаш барои саломатии инсон муфид аст.

Таркиби равғани зайтун нисбат ба навъҳои дигари равған дорои омехтаҳои зиёд буда, барои паст кардани фишори хун кумак мекунад. Он хусусияти шифобахшии зиёд дошта, барои системаи ҳозимаи бадан муфид мебошад.

Истеъмоли равғани зайтун нисбат ба равғанҳои дигар миқдори холестеринро дар хун баланд накарда, баръакс боиси паст гаштани он мешавад. Сабаби чунин таъсирро олимон аз муҳтавои ғании кислотаҳои равғании таркиби он медонанд. Аз ин лиҳоз равғани зайтун барои онҳое, ки аз дарди қалб ва рагҳои хун шикоят доранд, ягона равған барои истифода аст.

Равғани зайтун барои табобат ва пешгирии бемориҳои дил ва рагҳои хунгард фоидабахш аст. Ҳамзамон барои нигоҳ доштани сатҳи муътадили қанди хун мусоидат мекунад. Боиси инкишофи солими майнаи сари кӯдакон, қавигардии усутухонҳо, ва пешгирии бемории захми меъда мебошад. Илова бар ин равғани зайтун як навъ анбори витаминҳо аст, ки дар таҷдиди ҳуҷайраҳо ва коҳиши пиргардии бадани одам нақши асосиро мебозад.

Равғани зайтун дорои витаминҳои A, D, E ва K мебошад, ки барои рушди солими кӯдакон бисёр ҳам муҳим аст. Он барои фаъолияти  муназзами талхадон кумак менамояд ва рӯда онро ба осонӣ ба худ кашида мегирад. Инчунин ин равған хусусияти ба зудӣ тоза кардани хунро доро буда, боиси кори муназзам ва сиҳатии ҷигар мегардад. Барои беморони парҳезӣ равғани зайтун ивазнашаванда аст. Он бахусус барои беморони зардпарвин фоидаовар аст. Аз ин ҷост, ки равғани зайтун  дар истеҳсоли доруворӣ нақши назаррасро мебозад.

Ҳамчунин равғани зайтун барои коҳиши холестерини зараровари дар хун мавҷудбуда нақши муҳим бозида, боиси пешгирии сактаи дил мегардад. Аз ин лиҳоз дар мамлакатҳои Ғарб равғани зайтун серистеъмолтарин аст.

Набояд фаромӯш кард, ки истеъмоли аз ҳад зиёди дилхоҳ маҳсулот ба саломатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зайтун низ метавонад фишори хунро ба сатҳи ғайримуқаррарӣ коҳиш диҳад ва хатари чарх задани сар, беҳушшавӣ ва дигар бемориҳоро афзоиш диҳад.

Зиёд истеъмол шудани равғани зайтун ва бинобар зиёд шудани кислотаи олеин дар бадан метавонад илтиҳобро фаъол созад. Дар мавриди таъсири ин равған ба ҷигар бояд гуфт, ки миқдори аз ҳад зиёди он метавонад боиси мушкилиҳо, ба монанди гепатит шавад.

Истеъмоли аз ҳад зиёди  равғани зайтун инчунин метавонад боиси мушкилоти ҳозима, ба монанди дарунравӣ гардад, зеро он хосияти исҳоловарӣ низ дорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 2, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН: аз фарҳанги сулҳ то амнияти наслҳои оянда
Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
АҲАМИЯТИ ГЕОСТРАТЕГИИ ҚАТЪНОМАИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА». Мулоҳизаҳо дар ин маврид
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИ КАСБ. Татбиқи он имкон медиҳад, ки шумораи аҳолии бо ҷойи кор таъминшуда ҳамасола 2-2,2 фоиз афзоиш ёбад