С. Назарзода: «Забон бояд тавоно, гӯё, зоё ва ҷӯё бошад!»
Душанбе, 05.10.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони 25 соли Истиқлолият бо амалӣ шудани сиёсати миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи танзим ва ба тартиб даровардани забони адабии тоҷикӣ корҳои назаррас ба анҷом расидаанд, ки директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» бархе аз онҳоро ном бурд.
Ӯ зикр намуд, ки нахуст дар давоми солҳои охир дар чорабиниҳои сиёсӣ ва илмиву фарҳангӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар миқёси байналмилалӣ забони тоҷикӣ ба сифати забони миллӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодаи комил қарор гирифт ва вазифаи забони муоширати байни мардумони кишварро бо сарбаландӣ иҷро карда истодааст. Забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ дар сохторҳои давлативу ҳукуматӣ, истеҳсолоту иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дигар ниҳодҳои ҷомеа мавқеи забони расмии коргузориро ба даст овард ва нақши худро дар иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ низ устувор намуд.
Дуюм, дар даврони истиқлол забони тоҷикӣ ба забони асосии раванди таҳсил дар зинаҳои гуногуни маориф ва воситаҳои ахбори омма мубаддал гардид. Истифодаи самарабахши забони давлатӣ дар тамоми зинаҳои соҳаи маориф имкон медиҳад, ки забони мо ҳам дар сатҳи таълим ва ҳам дар сатҳи илмӣ густариш пайдо кунад, чунки таҳияи садҳо ҳазор китобу воситаҳои таълимӣ бо забони давлатӣ, ҳамгунсозии истилоҳоти истифодашаванда дар ин воситаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки забони илмии тоҷикӣ ҳам дар бахши илмҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар бахши илмҳои дақиқ поягузорӣ шавад.
Инчунин, бино ба иттилои С. Назарзода таҳия ва нашри як силсила осори муҳиму бунёдӣ дар бахши забоншиносии тоҷик, махсусан, асарҳо оид ба таърихи забони тоҷикӣ, забони муосири тоҷикӣ, фарҳангу луғатномаҳои гуногун, аз қабили «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», «Донишномаи Рӯдакӣ», Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ ва чанде асарҳои дигар дараҷаи омодагӣ ва иқтидори илмии мутахассисони тоҷикро дар ин самт намоён сохт.
Махсусан, нашри асари Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Забони миллат- ҳастии миллат», китоби якум- «Ба сӯйи боландагӣ», ки дар остонаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ пешкаши хонандагони сершумори тоҷик гардид, армуғони сазовор ба мардуми тоҷик гардид. Ин асари бунёдии илмӣ барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ гардида, рушди забони моро аз давраҳои бостон то асри XIII инъикос менамояд.
Сайфиддин Назарзода ҳамчунин иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати ватангароёнаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтирому эътиқод ба арзишҳои маънавии миллӣ муассиса ва мақомоте, ки масъули ҳифзу такомули арзишҳо ва авлавиятҳои миллию маънавӣ ва махсусан бахши забони давлатӣ ҳастанд, дастгирӣ ёфта ва кори онҳо муназзаму пурсамартар гардид. Имрӯз мо дар симои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти забон, адабиёт шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳоеро мебинем, ки қудрату тавоноии худро афзун намуда, барои рушду такомули забони тоҷикӣ ва танзими раванди инкишофи он кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.
Бо заҳмату кори донишмандони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» дар ду ҷилд ба табъ расид, ки беш аз 87 ҳазор калимаву ибораро дар бар гирифта ва то ҷое ҷамъбасти вожашиносии солҳои охир маҳсуб мешавад. Имрӯзҳо дар ин Институт таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» дар шаш ҷилд оғоз гардидааст, ки ҷомеътарин фарҳанг дар таърихи фарҳангнигории забони тоҷикӣ буда, беш аз 200 ҳазор калимаву ибораҳоро дар бар гирифта ва барои истифодаи ҳамаи тоҷикзабонон равона гардидааст. Ҷилди аввали он, ки фарогири ҳарфи А буда, 12000 вожаву таркибҳоро фаро мегирад, соли 2011 ба чоп расид. Вале баъдан дар таҳияи он монеаҳои сунъиву ҷиддӣ пайдо шуданд, ки хушбахтона, баъд аз ба сари кор омадани роҳбарияти нави Академияи илмҳо ва Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ бартараф гардида, кори таҳияи ин фарҳанги муҳим аз сар гирифта шуд.
Падидаҳои мазкур гувоҳи он ҳастанд, ки эътибори илми суханшиносии тоҷик рӯз то рӯз боло меравад ва ҷумҳурии мо мақоми худро ба ҳайси яке аз марказҳои бонуфузи илмӣ дар соҳаи филология ва шарқшиносӣ тадриҷан барқарор месозад.
Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки дар ин давра забони тоҷикӣ на танҳо барои ваҳдату ягонагии миллӣ ва баланд нигоҳ доштани парчами Истиқлоли Ватан, балки барои муттаҳид сохтани тоҷикони ҷаҳон низ нақши бузург бозӣ намуд.
Имрӯз забони мо вориди марҳалаи сифатан нави инкишофи худ гардидааст. Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии он бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад. Мо бояд дар чунин шароит кӯшиш кунем, ки рисолати забони худро ҳифз намуда, ҷараёни табиии инкишофи онро таъмин намоем. Мероси бузургу гаронбаҳои адабӣ, фалсафӣ ва динии ниёгон ва дастовардҳои донишмандони ҳамзамону ҳамзабонони мо, ки имрӯз бидуни ҳеҷ маҳдудияти сиёсиву мафкуравӣ мавриди баҳрабардории мутахассисони кишвари мо қарор гирифтаанд, дастоварди дигари сиёсӣ ва фарҳангии давлати ҷавони мо дар ин солҳо ба ҳисоб меравад.
Дар чунин шароити фазои мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ моро зарур аст, ки дурнамои забони давлатии худро барои солҳои оянда муайян намуда, роҳҳои минбаъдаи густариши онро ба шакли як барномаи умумӣ тарҳрезӣ намоем.
Забони давлатии мо бояд ба ниёзҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангии ҷомеаи мо ҷавобгӯй буда, ба василаҳои мухталифи иттилооти техникӣ роҳ ёбад ва тавоноии бозтоби мафҳумҳои илми муосирро дошта бошад. Ин ниёзмандиҳо зарурати ба забони илм табдил додани забони давлатиро ба миён меоранд. Забони илмӣ бояд забони тавоно, гӯё, зоё ва ҷӯё бошад.
«Агар гунаҳои форсиву дарӣ дар ҷаҳон аз лиҳози илмӣ будан ҷои 17-умро ишғол кунанд, пас забони тоҷикии мо ҳанӯз ҳам пояҳои илмии худро мустаҳкам карда натавонистааст. Ба ин ҷараён, пеш аз ҳама, ҳанӯз ҳам навиштани рисолаҳои илмӣ ба забони русӣ ва ҳимояи онҳо ба ин забон халали ҷиддӣ ворид мекунад», — зикр дошт мавсуф ва илова намуд, ки бинобар ин зарур аст, ки ҳар чи зудтар ба навиштани рисолаҳои илмӣ, танзими истилоҳоти илмӣ ва таблиғу тарвиҷи забони илмии тоҷикӣ бештар рӯ биорем.
То замони Истиқлол мо тақрибан имконияти гирдоварӣ ва омӯзиши сарватҳои маънавии тоҷикзабонони хориҷи кишварро надоштем ва агар ҳам коре ё пажӯҳише сурат мегирифт, хеле маҳдуд буд. Акнун замони он расидааст, ки мо дар бораи хусусиятҳои забонӣ ва адабиёти шифоҳиву зистшиносии тоҷикони муқими Осиёи Миёна ва кишварҳои дигар, ки ҷузъи таърих ва забони мо ҳастанд, фикр кунем. Барои омӯзиш ва мустаҳкам гардонидани пайвандҳои миллию суннатӣ ба ҳамзабонони худ бояд ҳамкориро дар соҳаи пажӯҳишҳои майдонӣ ё худ экспедитсияҳои фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ ва лаҳҷашиносӣ бо кишварҳое, ки тоҷикон зиндагӣ мекунанд (Чин, Покистон, Арабистон, Ҳиндустон, Қирғизистон, Қазоқистон ва ғ.), ба тадриҷ ба роҳ монем.
Барои амалӣ карданӣ ин иқдомот бояд олимони ҷавонро чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар мамлакатҳои пешрафта, чун Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Аврупо тарбия намоем, то ки онҳо донишҳои замонавӣ андӯхта, сипас дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишвар фаъолият намоянд. Ҳамчунин ба андешаи мо, ба мақсад мувофиқ аст, агар шумораи ҷоизаҳоро барои таҳқиқоти барҷастаи илмӣ ва мукофотҳои ҳавасмандкуниро барои олимони ҷавон бештар намоем. Бо мақсади муаррифии васеи забону адаб ва фарҳанги тоҷикон ба назари мо бояд беҳтарин корҳои илмии олимони тоҷикро илова бар илмҳои дақиқ дар соҳаҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, фолклор, таърих ва мардумшиносӣ ба забонҳои русию англисӣ низ тарҷума ва паҳн намоем.