Рустами Эмомалӣ ба масъулин оид ба назорати риояи қонун дар бораи манъи парваришу нигоҳдории чорво дар ҳудуди Душанбе дастур дод

Ноябрь 8, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 08.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муовинони соҳавӣ ва роҳбарони сохторҳои дахлдор вобаста ба назорати  иҷрои  талаботи  қонун дар бораи  манъи парваришу  нигоҳдории чорво ва ҳайвоноти хонагӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастур дод. Раиси шаҳр инчунин талаб намуд, ки ҷиҳати иҷрои моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти пурра манъ гардидани парвариш ва нигоҳдории чорвои хурду калон, асп, хар, паранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хушхон ва хурди ғайриистеъмолӣ дар ҳудуди пойтахт фаъолиятро пурзӯр намоянд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин масъала дар маҷлиси машваратии назди  Раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки  барои вайрон кардани талаботи қонуни  зикршуда  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.

«Дар асоси моддаи 480 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ барои ғайриқонунӣ дар ҳудуди маъмурию ҳудудии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз минтақаҳое, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян гардидаанд, парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, паранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва парандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017, № 1418) ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад»,-афзуд манбаъ.

Барои давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то панҷоҳ ва  шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.10.2009 № 550).

Ноябрь 8, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид