Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Модарону хоҳарони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад.
Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд.
Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд.
Мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунем ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем.
Имрӯз, ки мо ба ифтихори яке аз ҷашнҳои зебову фараҳбахш – Рӯзи модар ҷамъ омадаем, модарону бонувони арҷманд ва занону духтарони азизу меҳрубони кишвар, инчунин, шумо — ҳозирини гиромиро самимона ва сидқан табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо ва ба ҳамаи шумо, ки дар ин толор ҳузур доред, саломатӣ, бахту иқболи баланд, хонаободӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.
Ҷашни фархундаи модарону бонувон ҳамасола аз омадани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзи Аҷам мужда мерасонад.
Дар ин айём табиат аз нав эҳё шуда, хурраму дилкаш мегардад.
Ин рангорангии табиат ба ҳусни модарону бонувони мо зебоиву назокати бештар зам мекунад.
Яъне фасли баҳор, ки ба табиати модарону хоҳарони мо созгор мебошад, сиришти зебоипарастии онҳоро таровати баҳорона мебахшад.
Мехоҳам дар ин лаҳзаҳои пурнишот бо ифтихору сарфарозӣ хотирнишон намоям, ки иффату маърифат ва сабру таҳаммул ҳамчун сифатҳои беҳтарини миллӣ мақому манзалати занону бонувони моро дар ҷомеа баланд бардошта, онҳоро азизи ҳар як оила ва қуввати дили аҳли хонавода гардонидаанд.
Зан — Модар бо сад мушкилӣ, вале бо нияти неку умеди зиёд инсонро ба дунё меорад, ӯро тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.
Доир ба ин масъала дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карда будам, ки “модар гаҳвора ва оламро ба ҳам мепайвандад ва бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд”.
Модар чунон дили пур аз меҳр дорад, ки дар бисёр ҳолатҳо бо меҳрубониву бахшояндагии хоси худаш аз гуноҳи фарзанд мегузарад ва ӯро мебахшад.
Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад.
Барои падару модар авлотарин давлат фарзанди солиму солеҳ ва хушбахт аст ва барои фарзанд низ падару модар доштан беҳтарин сарват мебошад.
Мо, фарзандон чӣ қадаре, ки ба модар хизмат накунем, ҳатто якшаба ранҷи шабзиндадориҳои ӯро ҷуброн карда наметавонем.
Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад.
Аз ин рӯ, модар барои фарзанд ҳам умеду орзу, ҳам қалбу рӯҳ, ҳам дармони ҷисму ҷон, яъне меҳрубонтарину ғамхортарин ва муқаддастарин шахс мебошад.
Беҳтарин туҳфа барои модар на гулу гулдаста, на молу сарвати дунё, балки хушбахтиву саломатии фарзанд ва як меҳрубониву навозиши ӯ мебошад.
Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон созам, ки мафҳумҳои муқаддаси “Модар” ва “Ватан” бо ҳам тавъам буда, фарзандони ватандӯстро маҳз модар ба дунё меорад ва муҳаббати Ватанро бо шири сафедаш дар вуҷуди фарзанди худ ҷой мекунад.
Дар Тоҷикистони азизи мо хурду бузург заҳмату фидокориҳои модарону бонувонро қадр мекунанд.
Зеро бонувони мо имрӯз бо нангу номуси ватандорӣ дар соҳаҳои гуногун баробари мардон фаъолият доранд.
Саҳми бисёр арзишманди онҳо ва натиҷаи заҳмати софдилонаашон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мушоҳида мегардад.
Мо ҳар яки шумо, модарону бонувони азизро дӯст медорем, бо занону духтарони ватандӯст ифтихор мекунем ва бовар дорем, ки шумо вазифаҳои бадӯшдоштаи худро минбаъд низ сарбаландона иҷро карда, дар рушду ободии кишвари азизамон саҳми боз ҳам бештар мегузоред.
Занону модарони мо ҳанӯз дар оғози даврони истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд.
Ҳоло ҳазорҳо нафар занону бонувони қавиирода ва ҷасуру далери мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати Модар – Ватанро адо карда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тартиботу оромии ҷомеа баробари мардон адои вазифа карда истодаанд.
Мо бо чунин занону бонувони матиниродаи миллат ифтихор мекунем ва ба садоқати онҳо ба Ватан аҳсан мехонем.
Ҳукумати мамлакат барои мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону бонувон ва дастгирии ин табақаи бонуфузи ҷомеа ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Занону духтарони лаёқатманд ва кордону ташаббускор ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.
Ба ҳолати аввали марти соли 2020 аз шумораи умумии қариб 19000 нафар хизматчиёни давлатӣ 4500 нафар ё 25 фоизро занон ташкил дода, аз ҷумла 1100 нафар ё 19 фоизи онҳо имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд.
То охири соли 2019 бонувону занон дар ҳайати Ҳукумати мамлакат ҳамагӣ 4,7 фоизро ташкил медоданд, вале ин нишондиҳанда имрӯз ба 14,7 фоиз расидааст.
Мо минбаъд низ ба занону бонувон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа такя мекунем ва барои ҳалли мушкилоти ин табақаи бонуфузи иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонем.
Ҳоло дар ин самт татбиқи якчанд стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ идома дорад.
Илова бар ин, барои дастгирии занону духтарони соҳибкор грантҳои Президентӣ таъсис дода, тавассути маблағҳое, ки бо ин мақсад ҷудо мегарданд, саҳми занон дар рушди иқтисоди миллӣ торафт меафзояд.
Ғайр аз ин, солҳои охир дар бисёр шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳазорон нафар бонувону духтарон бо ҷойи кор таъмин шуда истодаанд.
Имрӯзҳо садҳо нафар занону бонувон дар бунёди неругоҳи барқии обии “Роғун” ва дигар сохтмонҳои азими мамлакат софдилона заҳмат мекашанд.
Масалан, дар иншооти аҳаммияти стратегидоштаи неругоҳи барқи обии “Роғун” 750 нафар занону бонувон, аз ҷумла 40 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, беш аз 260 нафар дар неругоҳҳои “Норак”, “Бойғозӣ” ва 1500 нафар дар корхонаи “Алюминийи Тоҷик” кор мекунанд, ки зиёда аз 150 нафари онҳо роҳбарони бахшҳои гуногун мебошанд.
Дар деҳоти кишвар низ корҳои вазнину заҳматталаб ба дӯши занону бонувон қарор доранд.
Имрӯз аксари хоҷагиҳои деҳқониро дар мамлакат занон роҳбарӣ мекунанд. Ҳоло дар кишвар роҳбарони 32 ҳазору 200 хоҷагии деҳқонӣ занон мебошанд ва онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳми шоиста мегузоранд.
Бонувону духтарони мо иқдоми “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” — ро самимона дастгирӣ карда, бо эҳёи касбу ҳунарҳои қадима дар тамоми қаламрави мамлакат марказҳои ҳунармандӣ ташкил менамоянд ва ҳоло ба шарофати ташаббусҳои онҳо ҳазорҳо нафар занону духтарони дигар ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб шуда истодаанд.
Умедворам, ки бонувону занони тоҷик дар асоси дастуру супоришҳои дар паёми навбатии Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ гузошташуда доир ба азхудкунии касбу ҳунар амал карда, дар панҷ соли оянда бо тамоми роҳу воситаҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ дар байни занону духтарон саъю талош мекунанд ва дар беҳтар гардонидани шароити зиндагии ҳар як оила саҳми шоиста мегузоранд.
Дастовардҳои занону бонувони мо дар соҳаи саноат низ қобили таҳсину офарин мебошад.
Онҳо дар корхонаҳои хурду бузурги мамлакат заҳмат кашида, дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръат фаъолона иштирок доранд.
Ҳазорҳо нафар занони ботаҷрибаю қавиирода солҳои охир корхонаҳои хусусӣ, аз ҷумла коргоҳу марказҳои нассоҷиву дӯзандагӣ таъсис дода, барои даҳҳо ҳазор нафар бонувону духтарон ҷойҳои корӣ муҳайё кардаанд.
Бонувони соҳибкори тоҷик дар бунёди марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ ва сохтмони иншооти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Саҳми занону духтарон дар рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун шуда истодааст.
Тавре ки дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ишора кардам, имрӯзҳо дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз ва фарҳанг 51 фоиз занону бонувон фаъолияти пурсамар доранд.
Тибқи маълумот дар соҳаҳои гуногуни кишвар 116 нафар докторҳои илм ва 1124 нафар номзадҳои илм, аз ҷумла 15 доктор ва 133 номзади илм дар соҳаи илмҳои дақиқ аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд.
Беш аз 82000 нафар занону духтарони тоҷик касби бошарафи омӯзгориро ба уҳда дошта, дар таълиму тарбияи насли ояндасози кишварамон нақши арзанда мегузоранд.
Занони боиродаи тоҷик ҳатто дар дурдасттарин деҳоти кишвар ба сифати таҳсилот диққати ҷиддӣ дода, баробари волидайн дар тарбияи хонандагон ҳиссагузор мебошанд.
Занону бонувони мо ҳамчун табибу ҳамшираи шафқат барои саломатии аҳли ҷомеа заҳмат кашида, беморонро шифо мебахшанд ва як қисми онҳо ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғул шуда, дар рушди илми тиб ҳиссаи худро гузошта истодаанд.
Бо вуҷуди ин, бонувони табибро зарур аст, ки нозукиҳои соҳаро боз ҳам беҳтар аз худ намоянд, барои солимии ҷомеа бештар кӯшиш кунанд ва ба сокинони мамлакат содиқона, бо дониши баланди касбӣ ва муоширати хуб хизмат расонанд.
Зеро барои давлат миллати солим даркор аст ва саломатии мардум боигарии давлат мебошад.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир майли духтарон ба таҳсил ва гирифтани маълумоти олии касбӣ торафт бештар шуда истодааст.
Ҳоло қариб 150 ҳазор нафар духтарон машғули омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ибтидоиву миёнаи касбӣ мебошанд.
Аз ибтидои таъсис додани квотаҳои Президентӣ то соли хониши 2019-2020 зиёда аз 11 000 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо истифода аз ин имтиёз ба мактабҳои олӣ дохил шуда, беш аз 10 000 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардида, ҳоло дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ муваффақона фаъолият карда истодаанд.
Сафи духтарони соҳибмаърифати тоҷик, ки дар муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, сол ба сол меафзояд.
Аз 30 ҳазор нафар донишҷӯёне, ки ҳоло дар хориҷи мамлакат машғули таҳсил мебошанд, 12300 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Духтарони соҳибистеъдоду болаёқати мо ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон номи модар ва зани тоҷик, миллат ва давлати тоҷикон ва Ватани азизамонро баланд бардошта, қисме аз онҳо таҳсилро дар муассисаҳои бонуфузи илмӣ идома дода истодаанд.
Ҳозирини муҳтарам!
Дар интихоботе, ки чанд рӯз пеш баргузор гардид, номзадии шумораи зиёди бонувони фаъоли мо ба вакилии парламенти мамлакат ва маҷлисҳои маҳаллӣ пешниҳод шуда, аксари мутлақи онҳо ба пирӯзӣ ноил гардиданд.
Ин боз як нишонаи эътирофи мақому манзалати зан аз ҷониби шаҳрвандон ва давлату Ҳукумат мебошад.
Тибқи ҳисобҳои пешакӣ ҳоло шумораи занон дар мақоми олии қонунгузори мамлакат, яъне Маҷлиси намояндагон ба 24 фоиз, дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5, вилоятҳои Хатлон 34,8, Суғд 33,3, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 34,4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 29,4 фоиз расида, илова бар ин, дар дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ беш аз 50 нафар занону духтарон фаъолият доранд.
Аз шумораи умумии номзадҳое, ки мо дар Анҷумани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ кардем, 50 фоизашон бонувону занони фаъол ва ташаббускоранд.
Умедворам, ки вакилони нав интихобшуда дар таҳияи қонунҳое, ки ба пешрафти минбаъдаи кишварамон мусоидат менамоянд, саҳми сазовор мегузоранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла бонувони шарафманд, ҷавонони ватандӯст, ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин, ҳизбҳои сиёсии кишвар, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва умуман, ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ширкати фаъолонаашон дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сидқан миннатдорӣ баён намоям.
Чорабинии мазкур, воқеан, нишонаи болоравии фарҳанги сиёсии ҷомеа, дарки масъулияти ватандорӣ ва рамзи возеҳу равшани анъанаи таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвари маҳбубамон ба хотири сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва осоиши ҷомеа гардида, ба таҳкими нуфузу эътибори давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуд.
Дар баробари дастовардҳои назаррас, дар ҷомеаи мо ҳанӯз баъзе мушкилоту масъалаҳое низ ба назар мерасанд, ки мо бояд онҳоро бо кӯшиши якҷоя ҳаллу фасл намоем.
Алалхусус, афзоиш ёфтани ҷудошавии оилаҳои ҷавон солҳои охир боиси ташвиши ҷиддии аҳли ҷомеа гардидааст.
Аз рӯи таҳлилҳои мутахассисон сабаби асосии сар задани низоъҳо байни зану шавҳар дар оилаҳои ҷавон ба ҳаёти мустақилона омода набудани духтарон ва ҷавонон мебошад.
Иддае аз падару модарон фарзандонро ба зиндагии мустақилона ҳоло ҳам дуруст омода намесозанд, онҳоро соҳиби касбу ҳунар намекунанд ва дар тафаккурашон сабру таҳаммулро ҷой намедиҳанд.
Кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои онҳо дар маҳалҳо, занони ботаҷриба, Шӯрои ҷамъиятӣ, шӯроҳои куҳансолон, зиёиён ва падару модарон бояд дар самти тарбияи дурусти ахлоқии ҷавонон ва ба зиндагии мустақилона омода кардани фарзандон бештар ва якҷо амал намоянд.
Илова бар ин, ман аз шумо, модарону бонувони азиз, даъват менамоям, ки нисбат ба шавҳарони худ меҳрубону ғамхор бошед ва ба қадри заҳмати онҳо низ расед.
Бовар дошта бошед, ки дар ин сурат шумо ҳатман оилаи мустаҳкам барпо карда метавонед, саломатиатон хуб мешавад ва умри бобаракат мебинед.
Чунки муносибати хуби байниҳамдигарии падару модар ба фарзандон ва аҳли оила таъсири мусбат мерасонад ва ба онҳо дарси ибрат мегардад.
Яъне фарзанд тарзи дурусти оиладорӣ ва муносибату муоширатро бевосита аз падару модари худ меомӯзад.
Танҳо дар чунин оилаҳо фарзандон падару модари худ ва калонсолонро эҳтиром мекунанд, дастгиру кумакрасони онҳо мешаванд ва ҳамчун шахсони хайрхоҳу савобҷӯ ба камол мерасанд.
Масъалаи дигаре, ки боиси нигаронист, ин аз таҳсил дур мондани иддае аз духтарон мебошад.
Чунин рафтори баъзе падару модарон ҳаргиз қобили қабул буда наметавонад.
Зеро ҳар як духтар бояд баробари писарон таҳсил намояд, дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва соҳиби хушбахтии ояндаи хеш гардад.
Падару модароне, ки ба таҳсил ва касбу ҳунаромӯзии духтарони худ монеъ мешаванд, сабабгори дар оянда бадбахт шудани фарзандон ва оилаи онҳо мегарданд.
Модоме, ки падару модарон ҳамеша дар андешаи камолоту хушбахтии фарзандон бошанд, пас бояд кӯшиш кунанд, ки онҳо бесавод намонанд, соҳиби маълумот ва касбу ҳунар шаванд.
Шумо тасаввур мекунед, ки дар замонаи пешрафти бесобиқаи илму техника ва технология шахсе, ки саводи кофӣ надорад ва аз дастовардҳои замони муосир огоҳ нест, чӣ гуна метавонад зиндагии худ ва оилаашро пеш барад.
Фаромӯш набояд кард, ки духтарони имрӯз модарони оянда, яъне тарбиятгарони насли фардо мебошанд ва зани босавод дар оила нақши бисёр муҳим мебозад.
Модарону бонувони мо, инчунин, вазифадоранд, ки ба масъалаи китобхонии фарзандон муносибати ҷиддӣ дошта бошанд ва худашон низ бояд ҳарчи бештар мутолиа кунанд.
Зеро барои фарзандону набераҳоро ба китобхонӣ ташвиқу ҳидоят кардан худи модарон доир ба ин ё он асар бояд маълумот дошта бошанд.
Мо озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» -ро бо умеди саҳми бузурги модарон дар ин кори бисёр манфиатбахш эълон кардем ва бовар дорем, ки бонувону модарони азизи мо дар ин самт низ нақши назаррас мебозанд.
Вобаста ба ин, мо ду қонуни миллӣ қабул кардем, ки ҳар кадоми он ба паст рафтани шиддати хурофот ва риоя гардидани фарҳангу анъанаҳои мардумӣ мусоидат намуд.
Махсусан, Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” имкон дод, ки хароҷоти оилаҳо кам ва маросиму маъракаҳо ба меъёри муайян дароварда шаванд.
Дар натиҷаи амалӣ шудани ин қонун вазъи иҷтимоии оилаҳо, пеш аз ҳама, оилаҳои камбизоат хеле беҳтар гардид.
Маъракаҳо ба танзим даромада, исрофкорӣ ва хароҷоти дуюмдараҷа аз байн рафт ва дар маъракаҳо тартиботи ягона ҷорӣ гардид.
Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, бахусус, бо айби баъзе занон аз оилаҳои мансабдорону хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон ва ходимони дин меъёрҳои танзим халалдор гардида, ҳолатҳои зоҳирпарастиву худнамоӣ ва зиёдаравию исрофкорӣ ба мушоҳида мерасанд, ки боиси нигаронӣ мебошад.
Мутаассифона, имрӯз ҳам ҳастанд шахсоне, ки дидаву дониста талаботи қонунро вайрон мекунанд.
Аз ин рӯ, ба занону модарони кишвар такроран таъкид карданиям, ки аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва маъракаҳои пурдабдаба худдорӣ кунанд, талаботи қонунро риоя намоянд ва маблағҳоеро, ки дар маъракаҳои зоҳирпарастона харҷ мекунанд, барои шароити беҳтари хонадон, оилаҳои ҷавон ва ободии хонаву кошонаи худ сарф намоянд.
Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори сисолагии истиқлоли давлатӣ бо супориши Роҳбари давлат ҳар як хонаву манзили зист бояд тозаву озода ва таъмиру таҷдид карда шавад.
Мардуми мо, аз ҷумла бонувону занон метавонанд маблағҳои сарфакардаи худро ба ин самт равона карда, шароити зиндагии худ ва оилаашонро беҳтар намоянд.
Зеро дар баробари тарбияи фарзандон ва сарфаю сариштакорӣ дар оила, тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист ва ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ одат додани аъзои хонавода, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва нигоҳ доштани саломативу тандурустии онҳо пеш аз ҳама, вазифаи модарону занон мебошад.
Тавре ки медонед, беэътиноӣ ба масъалаҳои тозагӣ, яъне риоя накардани талаботи беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) сабаби асосии паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад.
Хусусан, дар шароите, ки аксарияти аҳолии кишвари мо дар деҳот зиндагӣ мекунанд, бонувону занони мо бояд ба ин масъалаҳо эътибори доимӣ ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Рӯзҳои охир мардуми сайёраро бемории коронавирус, ки як намуди зуком мебошад, ба таҳлука андохтааст.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон ҳар сол қариб сӣ миллион нафар одамон танҳо аз бемории вируси норасоии масунияти одам, яъне СПИД ба ҳалокат мерасанд.
Дар кишвари мо фавти табиии одамон дар як сол қариб 40 – 45 ҳазор нафар ва дар як моҳ то сеюним ҳазор нафарро ташкил мекунад.
Лекин бояд донист, ки дар ҷаҳон тибқи нишондиҳандаҳои расмии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ имрӯз се намуди вируси зукоми мавсимӣ, аз ҷумла намудҳои «А», «Б» ва «Ц» дар гардиш буда, хатари намудҳои зикршудаи зуком нисбат ба коронавирус бештар аст.
Ҳар сол дар сайёра то 3-5 миллион нафар гирифтори шаклҳои миёна ва вазнини зуком гардида, аз ин шумора аз 300 ҳазор то 650 ҳазор нафар одамон фавт мекунанд.
Дар кишвари мо сатҳи беморшавӣ бо зуком соли 2018 тақрибан 372 ҳазор ва соли 2019 — ум 374 ҳазор нафарро ташкил карда, аз ин шумора дар ду соли зикршуда 694 нафар фавтидааст, ки ҳамагӣ 0,09 фоизро ташкил медиҳад.
Мехоҳам таъкид намоям, ки мардуми мо набояд ба таҳлука афтода, ба сухани шахсони воҳимачӣ ва ҳангоматалаб бовар кунанд, балки ба маълумоте, ки аз тарафи мақомоти расмии давлатӣ ҳар рӯз аз тариқи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои телевизион ва радио пешниҳод мегардад, такя намоянд.
Мардуми мо рӯзҳои аз ин ҳам сахту вазнинро аз сар гузаронидаанд.
Масалан, давраи ҷанги шаҳрвандӣ, яъне солҳои 1992 — 1993 сокинони ноҳияҳои Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии собиқ вилояти Кӯлоб, ки аз ҷониби мухолифин бо роҳбарии ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом дар муҳосираи озуқаворӣ қарор доштанд, аз ноилоҷӣ ба истеъмоли ҳар гуна гиёҳҳо ва маводи озуқаи пастсифат маҷбур шуданд ва ба бемории гелиотроп гирифтор гардида, ҳазорҳо нафари онҳо талаф ёфтанд.
Кор ҳатто ба ҷое расида буд, ки мо аз кишварҳои ҳамсоя беморхонаҳо (госпиталҳо) – и саҳроӣ оварда, беморонро дар онҳо ҷой кардем ва ба табобат фаро гирифтем.
Мардуми мо бояд дар хотир дошта бошанд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат барои ҳар гуна ҳолатҳои эҳтимолӣ захираи кофии маводи озуқаро дорад ва намегузорад, ки аҳолии кишвар беозуқа ва доруворӣ монад.
Зеро таъмини амнияти ҷомеа ва осоиши шаҳрвандон бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо вазифаи аввалиндараҷаи давлат мебошад.
Мо мардумро дар давоми қариб сӣ сол гурусна нагузоштем. Наход, ки дар шароити осоишта ба гуруснагӣ ва азият кашидани халқамон роҳ диҳем?
Бинобар ин, ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла шумо, ҳозирини гиромӣ муроҷиат мекунам, ки ба ҷойи бовар кардан ба ҳар гуна шахсони ҳангоматалаб ва харидории миқдори зиёди маҳсулоти хӯрокӣ ба қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, тозагӣ ва озода нигоҳ доштани манзили зист, ҷойи кор ва маҳалли истиқомати худ эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Чунки ҳама гуна бемориҳои сироятӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва тозагӣ паҳн мешаванд.
Таъкид месозам, ки ба ҷойи оростани дастурхони пурдабдабаву намоишкорона ва гузаронидани маъракаҳои зиёдатӣ ба таъмиру таҷдиди хонаву кошона ва муҳайё кардани шароити замонавии зиндагӣ эътибор додан зарур аст.
Ҳамчунин, мехоҳам таваҷҷуҳи модарону бонувони муҳтарамро бори дигар ба масъалаи риояи расму ойинҳои миллӣ, аз ҷумла тарзи либоспӯшӣ, хусусан, дар ноҳияҳои атрофи пойтахти мамлакат ҷалб намоям.
Тақлид ба либоспӯшии бегона, яъне бегонапарастӣ нишонаи возеҳи бефарҳангиву бемаърифатӣ ва гузашта аз ин, ҷаҳолат аст ва оқибати хуб надорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” масъалаҳои дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ тарбия кардани фарзандон ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро танзим менамояд.
Дар баробари ин, ки падару модар дар масъалаи таълиму тарбияи фарзанд масъулият доранд, фарзандон низ масъуланд, ки иззату эҳтироми падару модарро ба ҷо оранд ва онҳоро ҳангоми калонсоливу пирӣ нигоҳубин кунанд.
Мо ин масъаларо дар Конститутсия ва дигар қонунҳо пешбинӣ кардаем.
Зеро падару модар, тавре ки гуфта шуд, тамоми имкониятҳои худро ба фарзанди худ аз лаҳзаи таваллуд то ба камол расидани ӯ сарф мекунанд.
Аз ин лиҳоз, фарзандон низ вазифадор ва уҳдадоранд, ки ба волидайни худ ғамхорӣ кунанд.
Дар шароити кунунӣ мо бояд ба тарбияи фарзандон бештар диққат диҳем, онҳоро ба донишандӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар сафарбар созем ва фаъолияти ҳаррӯзаашонро зери назорат қарор диҳем.
Мо бояд тамоми чораҳоро андешем, ки дар панҷ соли оянда ҳар як шахс ва дар навбати аввал, ҷавонон соҳиби касбу ҳунар гарданд.
Занону бонувони арҷманди мо ва тамоми сокинони мамлакат, хусусан, имрӯзҳо, ки ҷашни Наврӯз — соли нави аҷдодии мо наздик шуда истодааст, бояд ба масъалаи тозаву озода ва ободу зебо кардани манзили зист ва махалли истиқомати худ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Зеро мардуми бостонии мо ҳар гуна ҷашну маъракаро бо хонаи обод ва рӯҳияи болида баргузор мекунанд.
Модарони азиз ва бонувони муҳтарам!
Боиси ифтихор аст, ки занону духтарони ҳунарманди тоҷик ғайр аз кору фаъолияти пурсамар дар соҳаҳои мухталифи кишвар дар озмунҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ иштирок карда, соҳиби ҷоизаву ҷойҳои ифтихорӣ гардида истодаанд.
Маҳсули эҷоди бонувони ҳунарманд ва чеварону заргарони тоҷик низ дар якчанд намоишгоҳҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ гузошта шуда, маҳорату истеъдоди занону бонувони моҳири мо баҳои баланд гирифт.
Дар ҳақиқат, занону бонувони тоҷик бо сабру таҳаммул, иффату порсоӣ, меҳру садоқат ва гузашта аз ин, бо кору пайкори созанда ва заҳмати софдилона номи Зан — Модарро маҳбуби қалбҳо гардонидаанд.
Тавре ки Аллома Иқбол мегӯяд: “Зан чароғи пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст”.
Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин хонда, бовар дорем, ки онҳо дар оянда низ дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватани маҳбубамон нақши шоистаи худро мегузоранд.
Дар охир, бори дигар ҳамаи шумо, модарони мӯнису ғамхор, бонувони хушбахту сарбаланд ва духтарони боғайрату ватандӯстро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, умри дарози бобаракат, рӯзгори обод, хушбахтӣ ва иқболи нек орзу менамоям.
Рӯзи модар муборак, модарону бонувони азиз!