ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ДУШАНБЕ, 21.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба гарм кардани манзилҳои истиқоматӣ бо истифода аз ангишт тавсия медиҳад, ки сокинон қоидаҳои махсуси истифодаи онро бояд риоя намоянд.
Бояд гуфт, ки хонаҳоро бо ангишт бештар дар деҳаҳои мамлакат гарм мекунанд. Аслан сокинони деҳот ин василаи гармкуниро воситаи хуби наҷот аз сардӣ меноманд. Истифодаи ангишт агар аз як ҷиҳат манфиатовар бошад, аз тарафи дигар, дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ метавонад оқибатҳои нохуш ба бор орад.
Ҳангоми сӯхтани ангишт гази оксиди карбон (СО), дуоксиди карбон (СО2), оксиди нитроген (NO2), оксиди сулфур (SO2), дуда ва дигар металлҳои вазнин, ки ба саломатии инсон хатарнок ҳастанд, ихроҷ мешаванд.
Бахусус дар ҳолати пурра насӯхтани ангишт гази марговари оксиди карбон (СО) ҳосил шуда, дар сурати мутобиқ набудани ҳавокаши бухорӣ ба дохили бино паҳн гардида, метавонад одамонро заҳролуд ва ҳатто дучори марг намояд.
Ин газ бӯй ва ранг надорад, аз ин лиҳоз дар дохили хона паҳншавии онро инсон пай намебарад. Таъсири он ба инсон зиёд буда, асосан ба вайроншавии баъзе функсияҳои асаб (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби ҳаво 2-5%), тағйирёбии фаъолияти дил ва шушҳо (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби ҳаво аз 5% зиёд), дарди сар, хоболудӣ, мушкилоти нафаскашӣ ва ба марг дучор кардан (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби ҳаво 10-80%) сабаб мегардад.
Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба сокинони мамлакат тавсия медиҳад, ки барои аз таъсири газҳои заҳрноки ангишт ҳифз намудани хонавода аз бухориҳои мувофиқ истифода намоянд.
Бухорӣ бояд қобилияти ҳавокашии қубури дудпарторо дошта бошад. Ҳангоми истифодаи ангишт ҳавои хона бояд мунтазам иваз карда шавад. Бухорӣ ва дудбарои он бояд дуруст насб карда шавад, сари вақт сарпӯши онро маҳкам кардан ва ҳамеша дудбарои бухориро назорат ва тоза кардан кори хеле зарурӣ аст.
Шахсе, ки бо ин газ заҳролуд шудааст, бояд фавран ба ҳавои кушод бароварда шуда, барои бартараф намудани оқибати таъсири он сари вақт ба муассисаҳои тандурустӣ бояд муроҷиат карда шавад.
Таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки беҳушшавии инсон ҳангоми фаъолияти вазнини инсон дар муддати 1-2 соат ва дар ҳолати оромӣ дар муддати 3-6 соат ба вуҷуд меояд. Оксиди карбон ба ҷараёни хун ворид мешавад ва бо молекулаҳои гемоглобин бо оксиген рақобат мекунад. Ин модда нисбат ба оксиген ба гемоглабини хун қавитар пайваст мешавад. Ҳар қадаре, ки оксиди карбон дар ҳаво зиёд бошад, ҳамон қадар гемоглобин ба он пайваст мешавад ва оксиген ба ҳуҷайраҳо камтар мерасад. Қобилияти расонидани оксиген ба бофтаҳо халалдор гашта, кашиши рагҳо ба амал меоянд ва фаъолияти иммунологии одам кам мешавад. Ҳамчунин дар раванди сӯхтани ангишт оксиди нитроген ва оксиди сулфур ихроҷ мегардад, ки онҳо низ метавонанд ба саломатӣ таъсири манфӣ расонида, инсонро ба бемориҳои гуногун дучор намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд






