Дар Душанбе озмунҳои шаҳрии «Мураббии сол», «Омӯзгори сол» ва «Хонандаи сол» ҷамъбаст мегарданд
ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои шаҳрии «Мураббии сол», «Омӯзгори сол» ва «Хонандаи сол» 16 ҳазору 660 сомонӣ ҷудо намуд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмунҳои мазкур бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт роҳандозӣ гардидааст.
Рустами Эмомалӣ бо ин қарор масъулинро барои андешидани тадбирҳо ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе вазифадор намудааст.
Мавриди зикр аст, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, баҳри рушди ҳамаҷонибаи он пайваста чораҳои муассир амалӣ гардида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе 137 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 91 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 33 муассисаи томактабии хусусӣ ва 13 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо ба шумор мераванд. Шумораи умумии тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ 29854 нафарро ташкил дода, ба онҳо 1603 нафар мураббияҳо тарбия медиҳанд.
Дар шаҳри Душанбе 149 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 9 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 128 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо назардошти мактабҳои типпи нав ва махсус), 1 муассисаи махсуси ҷумҳуриявӣ, 2 мактаби мусиқӣ, 1 мактаби варзишӣ ва 3 муассисаи таҳсилоти ғоибона фаъолият менамоянд. Соли 2019 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 8863 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли 2018 294 нафар зиёд мебошад. Инчунин дар шаҳр 6 муассисаи интернатӣ ва 1 хонаи кӯдакони синни томактабӣ фаъолият менамояд, ки дар он 1063 нафар хонандагон, аз ҷумла 44 нафар ятими кулл, 57 нафар бемодар, 307 нафар бепадар, 175 нафар аз оилаҳои камбизоат, 33 нафар аз оилаи бепарастор, 307 нафар кӯдакони маъюб, 86 нафар аз оилаҳое, ки падару модарашон бемор ва 54 нафар аз оилаҳое, ки падару модарашон дар маҳбас мебошанд, ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.
Дар соли таҳсили 2019 –2020 сифати дониши хонандагон дар шаҳри Душанбе дар чоряки якум 42,1 фоиз ва дараҷаи азхудкунӣ 95,4 фоизро ташкил намуд. Сифати таҳсилот нисбат ба соли таҳсили гузашта 0,1 фоиз баланд гардидааст.
Муҳассилини муассисаҳои таҳсилотии пойтахт пайваста дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона ширкат намуда, сазовори дастовардҳои назаррас мегарданд. Соли 2019 171 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар Олимпиадаҳои байналмилалӣ (44 нафар ҷойи якум, 51 нафар ҷойи дуюм ва 76 нафар ҷойи сеюм) ва 237 нафар хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ (54 нафар ҷойи якум, 81 нафар ҷойи дуюм ва 102 нафар ҷойи сеюм) сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.








Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд






