Ванҷ — макони сайёҳии кӯҳнавардӣ ва экологӣ

Апрель 6, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 06.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳо роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сокинону фаъолони ҷамоату деҳот ва деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ванҷ оид ба вусъати  раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ, баррасии пешгирии бемории COVID-19 ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт мулоқот менамоянд.

Дар мулоқоту суҳбатҳои мазкур ба сокинони ноҳияи Ванҷ  оид ба сирояти коронавирус COVID-19 ва роҳҳои  пешгирии панҳшавии  он маълумот дода, риояи  қатъии гигиенаи шахсиро тавсия  намуданд.

Дар вохӯриҳо сокинони ноҳияи Ванҷ  изҳор медоранд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои маркази ноҳия ба куллӣ дигаргун шуда, иншооти муҳим бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат ифтитоҳ гардиданд, ки имрӯз ба аҳолии ноҳия хизмат мерасонанд. Соҳибкорони ноҳия низ дар амалисозии тадбирҳо бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда саҳми муносиб мегузоранд.

Ноҳияи Ванҷ дорои захираҳои бойи табиӣ барои рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ ва экологӣ буда, мавзеъҳои таърихию истироҳатии он-пиряхҳои Хирсон, Федченко, Кашола Ях, мавзеъҳои Зинг, Дараи Довгӣ, Чашмаи Шоҳмастон, Язғулом ба рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшад. Маводи итилоотию тарғиботии Кумитаи рушди сайёҳӣ низ маконҳои тамошобоби минтақаро фаро гирифта, дар байни дӯстдорони сайру саёҳат ройгон паҳн карда мешавад.

Бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешниҳодшуда, аз ҷумла тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва то 50 фоиз коҳиш додани боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав ҳавасмандӣ ва таваҷҷуҳи соҳибкоронро барои фаъолият дар бахши сайёҳӣ ва бунёди инфрасохтори соҳа зиёд намудааст.

Сокинони ноҳияи Ванҷ дар  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кӯшиш доранд барои тақвияти рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани сатҳи некуаҳволии сокинони маҳаллӣ мусоидат менамояд, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Апрель 6, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд