Ванҷ — макони сайёҳии кӯҳнавардӣ ва экологӣ
ДУШАНБЕ, 06.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳо роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сокинону фаъолони ҷамоату деҳот ва деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ванҷ оид ба вусъати раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ, баррасии пешгирии бемории COVID-19 ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт мулоқот менамоянд.
Дар мулоқоту суҳбатҳои мазкур ба сокинони ноҳияи Ванҷ оид ба сирояти коронавирус COVID-19 ва роҳҳои пешгирии панҳшавии он маълумот дода, риояи қатъии гигиенаи шахсиро тавсия намуданд.
Дар вохӯриҳо сокинони ноҳияи Ванҷ изҳор медоранд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои маркази ноҳия ба куллӣ дигаргун шуда, иншооти муҳим бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат ифтитоҳ гардиданд, ки имрӯз ба аҳолии ноҳия хизмат мерасонанд. Соҳибкорони ноҳия низ дар амалисозии тадбирҳо бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда саҳми муносиб мегузоранд.
Ноҳияи Ванҷ дорои захираҳои бойи табиӣ барои рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ ва экологӣ буда, мавзеъҳои таърихию истироҳатии он-пиряхҳои Хирсон, Федченко, Кашола Ях, мавзеъҳои Зинг, Дараи Довгӣ, Чашмаи Шоҳмастон, Язғулом ба рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшад. Маводи итилоотию тарғиботии Кумитаи рушди сайёҳӣ низ маконҳои тамошобоби минтақаро фаро гирифта, дар байни дӯстдорони сайру саёҳат ройгон паҳн карда мешавад.
Бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешниҳодшуда, аз ҷумла тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва то 50 фоиз коҳиш додани боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав ҳавасмандӣ ва таваҷҷуҳи соҳибкоронро барои фаъолият дар бахши сайёҳӣ ва бунёди инфрасохтори соҳа зиёд намудааст.
Сокинони ноҳияи Ванҷ дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кӯшиш доранд барои тақвияти рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани сатҳи некуаҳволии сокинони маҳаллӣ мусоидат менамояд, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.








Сардори Хадамоти алоқа дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуд
Масъалаи таъсиси Маркази логистикӣ дар гузаргоҳи сарҳадии «Дустӣ» баррасӣ шуд
Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми ҳакатони минтақавии «Ҳалли сабз ва рақамӣ барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Хатлон беш аз 940 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст
Мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҷаласа оид ба хизматрасонии метеорологии авиатсияи гражданӣ дар Бишкек иштирок намуданд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахши низоми бонкӣ густариш медиҳанд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 32 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи обуҳавошиносӣ дар доираи «MAZU» тақвият меёбад
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид






