Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои таъсиси беморхонаҳо барои беморони гирифтори коронавирус дар ҳудуди Душанбе шинос шуданд

Май 4, 2020 17:18

ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни иҷрои корҳои таъсиси беморхонаҳои табобати беморони гирифтори вируси сироятии COVID-19 дар ҳудуди шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нахуст Рустами Эмомалӣ рафти корҳои сохтмонӣ ва омодагиро дар бинои баландошёнаи сохтмонаш нотамом, ки ҳамчун беморхона барои табобати беморони сироятӣ пешбинӣ шудааст, аз назар гузарониданд.

Маврид ба зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи апрели соли 2018 оғоз гардида, майдони умумии сохтмон масоҳати 10 355 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бинои мазкур аз 8  (ҳашт) ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он  утоқҳо барои қабул ва табобати беморон, утоқҳои кори табибон ва духтурони соҳавӣ, ташхисгоҳ, утоқҳои махсус барои нигоҳдории доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, 3 адад лифт, ҳуҷраҳои техникӣ, толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ, ошхонаи замонавӣ, утоқҳои шустушӯй  ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ шудаанд.

Ҳоло дар бино охирин корҳои сохтмонӣ  дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Раиси шаҳр дар ҷараёни боздид аз иншоот мақомоти дахлдор ва масъулини соҳаро вазифадор намуданд, ки бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир корҳои сохтмону васлгарӣ ва рангу пардози биноро дар муҳлати 1 моҳ ба анҷом расонда, онро барои муолиҷаи то 200 нафар гирифторони бемориҳои сироятӣ бо тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва дорувории баландсифат барои истифодабарӣ омода намоянд.

Раиси шаҳр ҷараёни корҳои омодагӣ ва ташкилиро дар беморхонаи дигари табобатии пойтахт   барои бемориҳои сироятӣ, алалхусус, беморони сироятии короновирус-COVID-19  аз назар гузарониданд.

Беморхонаи навбатӣ   дар бинои 6 ошёнаи ҳозиразамон дар масоҳати беш аз 14 200 (чордаҳ ҳазору дусад) метри мураббаъ ҷойгир буда, аз 110 утоқи муолиҷавӣ ва 24 утоқи кори табибон, кабинетҳои доругузаронӣ ва табобатии соҳавӣ, ошхонаи замонавӣ барои 200 нафар дар як вақт ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад ва дар наздиктарин фурсат бо катҳои хоб ва дорувориву таҷҳизоти тиббии муосир муҷаҳҳаз гардонда мешавад.

Зимни боздид Раиси шаҳр ба роҳбарият ва  масъулини соҳаи тандурустӣ, инчунин дигар сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки беморхонаи мазкурро дар муҳлати 3 рӯз барои қабул ва муолиҷаи  600 нафар ашхоси гирифтори бемориҳои сироятӣ бо тамоми анвои доруворӣ, лавозимоти зарурии тиббӣ ва кормандони варзидаи соҳа омода намоянд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо назардошти вазъияти баамаломада тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати муолиҷаи беморони сироятёфта дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ҳисоби имконияту захираҳои мавҷуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба таври иловагӣ беморхонаҳои табобатиро бо беш аз 3000 (се  ҳазор) кати хоб бо муҳайё кардани тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти дорувории баландсифат ташкил кунад.

 

Май 4, 2020 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд