ПАЙРАВӢ БА ТАШАББУСИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Раиси шаҳри Душанбе ба 5 ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманду камбизоат, маъюбон ва беморон кумаки моддӣ расониданд

Май 22, 2020 09:12

ДУШАНБЕ, 22.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. 21  май дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат дар арафаи Иди саиди фитр аз ҷониби  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор  оилаҳои эҳтиёҷманду камбизоат, маъюбону беморон ва ятимону бепарасторон кумаки моддӣ  расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Кумаки   Раиси шаҳр  аз 500   тонна маводи ғизоӣ  иборат буда,  маблағи умумии он  зиёда аз 2,5  миллион сомониро ташкил медиҳад.

Аз давраи бақайдгирии нахустин ҳолати  сироятёбии  сокинони пойтахт ба бемории коронавируси намуди нави COVID-19 роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дастгирию кумаки саривақтии кормандони соҳаи тиб, беморону   парасторони  онҳо, эҳтиёҷмандон,  пешгирӣ аз  паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тақвияти корҳои безараргардонӣ ва  таъмини мунтаззами муассисаҳои тандурустии пойтахт бо доруворию лавозимоти зарурии тиббӣ  тадбирҳои таъхирнопазир андешида, дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт пайваста амалӣ менамояд.

Раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин барои дар ин рӯзҳои мушкил ба кор баромада, сари вақт тоза намудани роҳҳои шаҳри Душанбе ба беш аз 2800 нафар кормандони муассисаҳои истифодаи роҳҳои пойтахт, хусусан онҳое, ки ба поккории шаҳр машғуланд, кумак расонид.

Ёдовар мешавем, ки ғамхорӣ дар ҳаққи  ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва шахсони ниёзманд аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳисоб рафта, ҳар як нафар аз иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳраманд мегардад.

Май 22, 2020 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид