ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИК БА МАЛАЙЗИЯ РАФТАНД
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дастаи футболи «Регар — Тадаз» — и шаҳри Турсунзода барои иштирок дар мусобиқа барои ба даст овардани Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё ба пойтахти Малайзия — Куала — Лумпур рафт. Мусобиқа аз 22 то 26 июн давом мекунад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки футболбозони тоҷик 22 июн бо футболбозони дастаи Вапдаи Покистон қувваозмоӣ мекунанд. Қувваозмоии футболбо-зони мо бо дастаи «Полис клаб» — и Непал 24 июн баргузор мегардад. Қувваозмоии футболбозони тоҷик бо дастаи «Обохонӣ» — и Бангладеш ба рӯзи 26 июн таъин шудааст. Дастаҳое, ки дар се гурӯҳ ҷойи аввалро ишғол мекунанд, инчу-нин дастаҳои беҳтарине, ки ҷойи дуюмро ишғол кардаанд, ба қувваозмоии ниманиҳоӣ роҳхат мегиранд. Қуръапартоии қувваозмоиҳои ниманиҳоӣ 30 июн дар қароргоҳи марказии Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мегардад. Қувваозмоиҳои хотимавии мусобиқаи мазкур аз 19 то 21 сентябр дар Бишкек гу-заронида мешаванд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






