ВАҲДАТ АСТ, КИ ИД АСТУ ХУРСАНДӢ АСТУ…ФАРОВОНӢ!
Пойтахти кишвар-шаҳри сарсабзи Душанбе низ дар ин рӯзи пур аз шодиву фараҳ-Рӯзи ваҳдат боз ҳам дилработару рангинтар гашта буд. Кӯчаву хиёбонҳои серодам ва хушҳолии ҳамагон аз он дарак медод, ки мардуми мо ин идро дӯст медоранд ва ба истиқболаш бо дилҳои боз баромадаанд. Дар ҳама ҷо садои суруду таронаҳои дилошӯб, ки ҳидоятгар аз сулҳу ваҳдату дӯстианд ба гӯш мерасанд. Дар сӯҳбату вохӯриҳо бештар сухан аз боби ҳамдигарфаҳмиву бародарӣ, худшиносиву ба қадри ин хоку ин диёр расидан… ро мешунавем, ки ин ҳама моро дилпур месозад ба ояндаи шукуфону дурахшони Меҳани азиз… Тантанаҳои ҷашнӣ сокинону меҳмонони пойтахтро бештар ба боғи «Дӯстии халқҳо», майдони «800-солагии Маскав» ва кӯли «Ҷавонон» ҷамъ овард. Дар ин ҷойҳои истироҳативу фароғатӣ мардум бо табъи болида сайру гашт намуда, аз садои хуши ҳаваскорону навои дилошӯби мутрибон лаззат мебурданд. Инчунин мардум имкон доштанд, ки аз маҳсулоти қаннодиву нонии дар ин ҷойҳои истироҳатӣ пешкашшуда, ком ширин кунанд ва бо худ баранд. Самараи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ аст, ки мо имрӯз ид дорем, хурсандӣ мекунем, ба ояндаи дурахшон бо қадамҳои устувор гом мениҳем… Тантанаҳои ҷашнӣ то дергоҳ идома ёфтанд…








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






