ҚУРБОНИЁНИ ТАРКИШ ВА СӮХТОР ДАР ШАҲРИ БУХОРО
Агентии мазкур хабар медиҳад, ки баъди сар задани сӯхтор дар анбори лавозимоти ҷангӣ бештар аз 30 таркиш рух додааст. Мақомоти расмии Ӯзбекистон хабар доданд, ки дар анбор танҳо як таркиш баамаломада, 3 нафар ҳалок ва 21 нафар маҷрӯҳ шудааст. Вале ба қавли шоҳидон, шумораи ҳалоку маҷрӯҳшудагон аз сад нафар ҳам зиёданд. Баъди сар задании фалокат аҳолии Когон ба ҷои бехатар кӯчонда шуд. Агентии «Фарғона Ру.» хабар дод, ки дар наздикии анбори таркидаи лавозимоти ҷангӣ бинои 5-ошёнаи истиқоматӣ ва шифохонаи шаҳрӣ бар асари таркиш пурра хароб гардидаанд. Аз рӯи хабарҳои расида, шумораи зиёди сокинони хонаҳои дар атрофи қисми ҳарбӣ буда, низ ҳалок шудаанд. Зеро баъди таркиш аз хонаҳои онҳо ному нишон намондааст. Дар натиҷаи сӯхтор гулӯлаҳо, минаҳо ва бомбаҳои дар анбор нигоҳдошташаванда таркида, масофаи то 3 — 5 километрро фаро гирифтанд. Дар натиҷа бисёр одамон вақти фирор аз маҳалли фалокат ҳалоку маҷрӯҳ шуданд. Инчунин, ба қавли шоҳидон, бинои вокзали роҳи оҳани шаҳр низ хароб гардидааст. Дар натиҷа рафту омади қатори поездҳо аз Бухоро ба минтақаҳои дигари мамлакат қатъ гардид. Одамон ба анҷом додани амалиёти террористӣ дар қисми ҳарбӣ бовар намекунанд. Зеро онро шумораи хеле зиёди аскарону афсарон муҳофизат мекунанд. Тибқи хабарҳои расида, айни ҳол сокинони шаҳри Когон дар мактабҳо ва боғчаҳои бачагонаи шаҳри Бухоро ҷой дода мешаванд. Хабар дода шуда буд, ки таркиш дар анбори лавозимоти ҷангии қисми ҳарбии шаҳри Когон шаби сешанбе рух дод. Сабаби фалокат ба амал омадани сӯхтор дар пойгоҳи низомии чархболҳои қисми ҳарбӣ мебошад. Хизматчиёни ҳарбӣ кӯшиш карданд, ки худашон сӯхторро хомӯш кунанд, вале ин ба онҳо муяссар нагардид. Дар натиҷа бар асари сӯхтор дар анбор таркиш ба амал омад. Пойгоҳи чархболҳои низомии шаҳри Когон дар замони Шӯравӣ барои таъминоти анҷом додани амалиёти ҳарбии қисмҳои низомии шӯравӣ дар Афғонистон истифода карда мешуд. Бояд гуфт, ки бевосита дар наздикии Когон чандин ҳавзаи гази табиӣ мавҷуд аст ва аз ин ҷо гази табиӣ ба минтақаҳои дигар интиқол дода мешавад. Шумораи аҳолии шаҳри Когон қариб 50 ҳазор нафар мебошад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






