БАРҚИЯИ ШОДБОШ
Дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад: «Александр Григоревичи мӯҳтарам, Шумо ва тамоми мардуми Белорусияро ба муносибати иди миллии мамлакататон самимона ва бо камоли қаноатмандӣ табрик намуда, орзуҳои беҳтарини худро иброз медорам. Тоҷикистон ба қадри муносибатҳои анъанавии мустаҳками тӯлонӣ ва самимонаи дӯстона мерасад, ки халқҳо ва давлатҳоямонро ба ҳамдигар наздиктар месозанд. Боварӣ дорам, ки мо ба туфайли ҷидду ҷаҳдҳои муштаракамон ҳамкории мамлакатҳоямонро ба дараҷаҳои сифатан нав бароварда метавонем. Тоҷикистон тайёр аст, ки барои равнақу ривоҷи онҳо ба манфиати давлатҳо ва халқҳоямон ҳамаи тадбирҳои заруриро андешад. Александр Григоревичи мӯҳтарам, аз фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо саломатӣ, хушбахтӣ, барори кор ва ба халқи бо мо дӯсти Белорусия зиндагии фараҳмандона ва сулҳу осоиш орзу менамоям».








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






