БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРӢ

Июль 7, 2008 13:43

Дар ҷараёни мулоқот бо сарвазири Қазоқистон ва вазири энергетика ва саноати ин мамлакат масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёт, иштирок дар сохтмони иншоотҳои муштарак, зиёд кардани ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни корхонаҳои калонтарини ҳар ду кишвар муҳокима шуданд. Сарвазири Қазоқистон ваъда дод, ки иштироки соҳибкорону тоҷирони мамлакаташро дар бобати амалӣ сохтани барномаҳои муштарак тақвият бахшад. Зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, тайёрӣ ба мулоқоти сарон ва намояндагони мамлакатҳои иштирокдори Машварат дар масъалаҳои ҳамкорӣ ва таҳкими эътимод дар қитъаи Осиё, мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва масъалаҳои дигари дорои хусусияти минтақавӣ муҳокима шуданд.

Июль 7, 2008 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид