БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ТАЙЁРӢ БА ЗИМИСТОН
Аз ҷумла таъкид гардид, ки зимистони сарди гузашта ба тамоми соҳаҳои иқтисоди кишвар зарари ҷиддӣ расонид. Комиссияи махсуси ҳукуматӣ барои бартараф сохтани оқибатҳои ҳавои номусоид тадбирҳои амалӣ меандешад. Ҳукумати ҷумҳурӣ моҳи майи соли равон дар бораи сари вақт тайёр намудани ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2008 — 2009 қарор қабул кард. Оид ба масъалаи мазкур нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуд, ки он аз 64 банд иборат аст. Корҳои муқаддамотӣ дар таъмири Марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе ва Ёвон, таъмири нерӯгоҳҳои барқи обии Варзоб, баҳрабардоӣ аз агрегати дую-ми нерӯгоҳи барқии обии «Сангтӯда-1», зиёд намудани воридоти гази фишурда, ду баро-бар зиёд намудани фурӯши ангишт аз ҷумлаи супоришҳои иҷрошуда ба ҳисоб мераванд. Барои бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони мазкур бо даъвати Созмони Миллали Муттахид бештар аз 20 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон ба маблағи 12,1 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки башардӯстона расониданд. Арабистони Саудӣ, Россия, Амрико, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон аз ҷумлаи чунин кишварҳоянд. Намояндаи муассисаи рушди СММ ёдовар шуд, ки дар вақташ дар Сербия вазири энергетика буд ва дар он ҷо нархи қувваи барқро боло бурда, таҷҳизоти навро насб карда, талафотро кам намуданд. Ин имконият дод, ки Сербия дар муддати кӯтоҳ бӯҳрони энер-гетикиро бартараф созад. Мусоҳибон изҳор доштанд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ иҷрои чанд лоиҳа бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ идома дорад. Дар оянда гузаронидани ислоҳоти соҳаи энергетика ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин кардани иншооти энергетикӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими рӯз аст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






