ДАР СОЛИ ҶОРӢ 1667 МИНА БЕЗАРАР ГАРДОНИДА ШУД
Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Имрӯзҳо минаҷӯён дар 4 майдони минагузошташуда ва як майдони ҷангзадаи кишвар кор бурда истодаанд. Аз ҷумла, майдони Қирвочаки ноҳияи Рӯдакӣ, ду майдони мавзеи Панҷшанбеободи ноҳияи Ванҷ, Сараи Шӯхи ноҳияи Шӯробод ва майдони ҷангзадаи Сағирдашти ноҳияи Дарвозро аз мина ва бомбаҳо тоза доранд. Нозири калони тафтиши сифати Маркази Тоҷикистон оид ба безараргардонии минаҳо Асафбек Шоназаров дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ин майдонҳо 98 нафар минаҷӯй ба воситаи даст ва 2 гурӯҳи сагҳои минаҷӯй, ки ҳар як гурӯҳ аз 5 нафар иборат аст, дар майдони Панҷшанбеободи ноҳияи Ванҷ кор бурда истодаанд. Ҳамзамон, 2 гурӯҳи дигари тадқиқотӣ дар ноҳияи Шӯробод тадқиқоти умумӣ мебаранд. Аз охири моҳи марти соли ҷорӣ сар карда то имрӯз ба воситаи даст 113 ҳазору 473 метри мураббаъ ва бо ёрии сагҳои минаҷӯй 91 ҳазору 121 метри мураббаъ заминҳои минагузошташуда тоза карда шуда, 1667 адад минаҳои зидди пиёдагард, зидди танкӣ ва муҳимоти нотаркида ёфт карда шуд. А. Шоназаров афзуд, ки тибқи омори расмӣ аз аввали соли 2008 бар асари таркиши минаҳо ва дигар муҳимоти тарканда 1 нафар сокини ноҳияи Исфара зарар диасту халос. Аз соли 1992 бошад то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи таркиши мина 425 нафар маҷрӯҳ ва 346 нафар ҳалок гардидааст. Аз ҷумлаи кӯдакон 130 нафар маҷрӯҳ ва 92 нафар ҳалок, занон 43 нафар маҷрӯҳ ва 41 нафар ҳалок гардидаанд. Шумораи зарадидагони кормандони марказ бошад аз соли 2003 то инҷониб 2 нафар ҳалок ва 4 нафар маҷрӯҳ шуда, ба ҳисоби умумӣ аз соли 1992 то нимаи соли 2008 шумораи ҳалокшудагон ва маҷрӯҳшудагон 771 нафарро ташкил медиҳад.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






