«ГАЗПРОМ» ДАР ДУШАНБЕ ҚАРОРГОҲАШРО МЕСОЗАД
Маҳмадсаид Убайдуллоев воридшавии ин ширкатро дар бахши азхудкунии канданиҳои зеризаминии Тоҷикистон, хусусан бурриши конҳо ҷиҳати истихроҷи гази табиӣ, ки дар асоси мувофиқатномаҳои Сарони ҳарду кишварҳо ба дастомада, сурат мегирад, шодбош намуд. М Убайдуллоев изҳори боварӣ кард, ки дар тӯли 9 соли татбиқи лоиҳа, амали мазкур ҳадафрас анҷом гирифта, эҳтиёҷот ва дастрасии муштариён ба гази табии ватанӣ қонеъ гардонида мешавад. Валерий Гулев роҷеъ ба мушаххасоти лоиҳа ва мӯҳлати огози корҳои бурриши конҳо дар чор мавзеъи тозаинтихоб Маҳмадсаид Убайдуллоевро шинос намуда, бобати бунёди бинои қароргоҳи ширкати «Газпром» дар шаҳри Душанбе ва иштироки сарпарастонаи он дар лоиҳаҳои иҷтимоии ҳаёти хоҷагидории пойтахт дархост ба миён гузошт. Раиси шаҳр бо инобати дурнамои татбиқи лоиҳа ҷиҳати баррасию тарҳрезии самтҳои ҳамкориҳои минбаъда пешниҳод намуд, ки бо дарназардошти потенсиали молиявии ин ширкати бонуфузи Русия, инчунин масъалаи саҳмгирии он дар бунёди нерӯгоҳҳои мухталифи обии барқӣ дар ҷумҳурӣ, сохтмони комплексҳои манзилӣ дар пойтахт, интиқоли гази моеъ ва насби технологияҳои бехатарии истифодаи сӯзишвории гази моеъ барои нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ намояндагии ширкат дар шаҳри Душанбе ташкил карда шавад. Дар робита ба масъалаи ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди бинои қароргоҳи ширкат Маҳмадсаид Убайдуллоев аз омодагии шаҳрдорӣ таъкид намуда, зикр сохт, ки тибқи тартиби ҷойдошта унвонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе расман муроҷиат намоянд. Бо дахли масъалаи иштироки сарпарастонаи ширкат дар лоиҳаҳои иҷтимоии ҳаёти хоҷагидории пойтахт пешниҳод намуд, хуб мебуд, ки мувофиқ ба сатҳу нуфузи ширкат дар пойтахти мамлакат, ки талабот ба фаъолияти мактаби таҳсилоти умумии замонавӣ бо забони русӣ пайваста зиёд мегардад, бунёди ин гуна мактаби касбию муосир ба нақша гирифта шаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






